Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ аз рӯи мазмун, моҳият, сохт, мавзеи ҷойгиршавӣ,ҳолат, намуд ба гурӯҳҳо ҷудо мешавнд. Ба ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ дохил мешаванд: иншоотҳои меъморӣ, мавзеъҳо ва иншоотҳои меъмории арзиши таърихӣ дошта, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ дошта - ёдгориҳои мазҳабӣ-динӣ (масҷидҳо, мадрасаҳо, оромгоҳҳо, мазорҳо, ибодатгоҳҳо), асарҳои санъат, мавзеъҳое,ки тамаддуни ҷамъияти инсониро таҷассум мекунанд, бозёфтҳои бостонӣ ва ғайраҳо.[1]

Дар Тоҷикистон мавзеъҳое,ки тамаддуни ҷамъияти инсониро таҷассум мекунанд, хеле зиёд ба назар мерасанд. Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба рўйхат дароварда шудааст.

Рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Шаҳри Душанбе

1. Бинои театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. 1946 с. 2. Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1946с. 3. Маҷмааи Исмоили Сомонӣ. 1999 с. 4. Шаҳраки Душанбеи қадим (асри III то милод)

Ноҳияи Рӯдакӣ

5. Мақбараи Мавлоно Ёқуби Чархӣ, асри XII 6. Қалъаи Кофарниҳон, асрҳои VII -VIII.

Ноҳияи Турсунзода

7. Мақбараи Хоҷа Нахшрон, асрҳои XI-XII. 8. Шаҳраки Узбеконтеппа, асрҳои I-VIII. 9. Тандирёл, асри XI то милод.

Ноҳияи Ҳисор

10. Маҷмааи меъмории Қалъаи Ҳисор, асрҳои XI-XIX. 11. Қабристони Тупхона - асрҳои I-III милодӣ.

Ноҳияи Шаҳринав

12. Шаҳраки кушонӣ, асри II

Ноҳияи Ваҳдат

13. Мақбараи Халифа Нурмуҳаммад, асрҳои XVII-XVIII.

Ноҳияи Файзобод

14. Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам, асри XVI. 15. Қалъаи Сангин, асрҳои IX-XI.

Ноҳияи Тавилдара

16. Мақбараи Ҳазрати Бурх, асрҳои IX-XII

Ноҳияи Тоҷикобод

17. Мақбараи эшони Абдулмалик, асри IX-XX

Ноҳияи Ҷиргатол

18. Қабристони Лахш II, асрҳои V-VI

Ноҳияи Шаҳритус

19. Мадрасаи Хоҷа Машҳад, асрҳои XI-XII 20. Мақбараи Хоҷа Дурбод, асрҳои XI- XII. 21. Ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма.

Ноҳияи Носири Хусрав

22. Қабристонҳои Тупхор ва Аруктов, асрҳои I - IV. 23. Қалъаи Бешкент, асри XIX.

Ноҳияи Ҷиликӯл

24. Мақбараи Имом Зайналобиддин, асри XVII.

Ноҳияи Қубодиён

25. Қалъаи Мир, асрҳои VI то милод - VI милодӣ. 26. Тахти Сангин, асри IV то милод - III милодӣ. 27. Шаҳраки Тепаи Шоҳ, асрҳои II- III.

Ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ

28. Кофирқалъа, асрҳои VII-VIII

Ноҳияи Ёвон

29. Шаҳраки Гаравқалъа, асрҳои IV-V.

Ноҳияи Вахш

30. Аҷинатеппа, асрҳои VII-VIII.

Ноҳияи Данғара

31. Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, асри XIV. 32. Мақбараи Мавлоно Обиддин, асри XIV. 33. Мақбараи Шайх Шақиқи Балхӣ, асри IX. 34. Мақбараи Шаҳид, асрҳои XII-XVI. 35. Қабристони Ксиров, асрҳои I то милод - II милодӣ. 36. Маскани Туғузак, ҳазорсолаи II то милод. 37. Қалъаи Сангтуда, асри XI.

Ноҳияи Кулоб

38. Маҷмааи меъмории Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, асри XV. 39. Мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, асри XVI.

Ноҳияи Фархор

40. Шаҳраки бостонии Саксанохур, асри II то милод - II милодӣ. 41. Қабристони «Иттифоқ», асрҳои I-III. 42. Қабристони Макони Мор, асри XII то милод. 43. Шаҳртеппа, асри VIII. 44. Шаҳри Золи Зар, асри XII.

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

45. Шаҳраки Сайёд, асри XI. 46. Қабристони Обкўҳ, ҳазорсолаи II то милод.

Ноҳияи Восеъ

47. Шаҳри Хулбук, асрҳои IX-XI. 48. Қабристони Ѓелот, ҳазорсолаи II то милод. 49. Қалъаи Қайнар, асри VIII. 50. Манзартеппа, асри VII.

Ноҳияи Темурмалик

51. Маскани Кунгуртут, ҳазорсолаи II то милод.

Ноҳияи Мӯъминобод

52. Маҷмааи меъмории маќбараи Шоҳи Хомӯш, асри XI. 53. Мақбараи Хоҷаи Нур, асри XII. 54. Қалъаи Мӯъминобод, асрҳои XI-XVIII.

Ноҳияи Ховалинг

55. Мақбараи Ҳазрати Султон, асри XVI. 56. Маъбади Буддоии Чепивол, асри VIII. 57. Истгоҳи Кулдара, 850 ҳазор сол муќаддам.

Ноҳияи Балҷувон

58. Мақбараи Мавлоно Қудбиддин, асрҳои XIV-XV. 59. Мақбараи Шоҳ Неъматуллоњи Зарробӣ, асрҳои XIV-XV.

Ноҳияи Шӯробод

60. Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ, асрҳои XV -XVI.

Ноҳияи Хуҷанд

61. Қалъаи шаҳри Хуҷанд, асрҳои VII-XIX. 62. Боќимондаи деворҳои шаҳр, асрҳои XVII-XIX. 63. Маҷмааи таърихӣ – меъмории Шайх Муслиҳиддин, асрҳои XIII- XIV.

Ноҳияи Истаравшан

64. Мадрасаи Абдулатиф Султон, асри XVI. 65. Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, асри XIX. 66. Маҷмааи таърихӣ – меъмории Савристон, асри XVII. 67. Масҷиди ҳавзи Сангин, асри XIX.

Ноҳияи Ғончӣ

68. Қабристонњои антиќӣ, асрҳои I-VII. 69. Тасвирҳои болои санг, асри санг - асрҳои миёна.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов

70. Қалъаи Хитойреза, асрҳои XVII -XVIII.

Ноҳияи Конибодом

71. Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ, асри XVII. 72. Мадрасаи Оим, асрҳои XVI-XIX. 73. Манораи Майдони Машҳад, асри XIX. 74. Маќбараи Хоҷа Такровут, асри XII.

Ноҳияи Айнӣ

75. Манорҳои Варз, Рарз, Фатмев, асри XII. 76. Маҷмааи меъмории Абулқосим Гургонӣ, асри XII. 77. Қалъаи Муғ, асри VIII. 78. Мақбараи Нақибхон Туғрал, асри XX.

Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

79. Масҷидҳои Палдорак ва Ревомутк, асри XIX.

Ноҳияи Панҷакент

80. Мадрасаи Олим Додхоҳ, асрҳои XVII -XVIII. 81. Мақбараи Муҳаммад Башоро, асрҳои XI -XIV. 82. Мақбараи Абўабдулло Рўдакӣ, асрҳои X -XX. 83. Маскани энеолотии Саразм (хазорсолаи IV -II то милод). 84. Шаҳри Панҷакенти қадим, асрҳои VI -VIII.

Ноҳияи Шаҳристон

85. Бунҷикати қадим, асрҳои VI-XII. 86. Қалъаи Чилҳуҷра, асрҳои V -IX.

Ноҳияи Исфара

87. Мадрасаи Абдуллохон, асри XVI. 88. Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоњ, асри XI . 89. Мақбараи Хоҷа Рушноӣ, асри X.

Ноҳияи Рӯшон

90. Қалъаи Вамар, асри XIX.

Ноҳияи Шуғнон

91. Маъбади Оташ, асрҳои I -IV. 92. Қалъаи Сиҷ, асрҳои I -IV. 93. Қалъаи Деруҷ, асрҳои I -IV. 94. Таквими офтобӣ, асрҳои I -VIII.

Ноҳияи Ишкошим

95. Қалъаи Каҳкаҳа, асри III то милод - асри VII. 96. Қалъаи Ямчун, асрҳои III- I то милод - асрҳои V-XI. 97. Маъбади буддоии Вранг, асрҳои IV- VII. 98. Маркади Шоҳкамбари Офтобӣ, асри XII.

Ноҳияи Мурғоб

99. Шаҳраки Бозардара, асрҳои X-XI. 100. Тасвирҳои руи санг, ҳазорсолаи VII то милод - асрҳои миёна (Шахта. Аличур. Лангарикишт ). 101. Қабристонҳои сакоии Аличур. Тегермансу, асрҳои VII-II то милод.


Адабиёт[вироиш]

  1. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012.


Пайвандҳои беруна[вироиш]