Ёдгорӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ёдгорӣ

«Ёдгорӣ», «ёддошт», «ёдгор» (порсӣ: یادمانی) ва дигар калимаҳои ҳаммонанд дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои чизе ба хотира мондан омадааст.

Ёдгорӣ мафҳумест, ки ифодакунандаи ашё, чиз, асар, хат, тасвир ва ё чизи дигареро барои хотира ба касе ё ба маҷмӯи одамон боқӣ гузоштан мебошад. Ёдгориҳо гуногунанд. Масалан, ёдгории зеҳнӣ: кори ҳамарӯза, эҷодиёт, муносибати байниҳамдигарӣ, бозӣ ва ғайраҳо. Ҳамаи ин зуҳурот тасодуфӣ набуда аз насл ба насл ба мерос гузашта дар мавриди мо ҳамчун ёдгорӣ шинохта мешавад.

Ёдгорӣ сарчашмаест, роҷеъ ба зуҳуроти муайяни таърихӣ – фарҳангӣ маълумот медиҳад. Мероси фарҳангӣ дар ҳар шакли зоҳиршавӣ (адабиёт, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, созҳои миллӣ, муҷассама, санъати меъморӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ва ғайраҳо.) ҳамчун ёдгорӣ шинохта мешавад. Ёдгориҳои бостонӣ, меъморӣ, , санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, кадакорӣ ва ғайраҳо дар маҷмӯи мероси фарҳангӣ мақоми арзишманд доранд.

Дар ин маврид ёдгориҳои табиат низ вуҷуд доранд, ки аз тарафи давлату ҳукумат ҳифз гардида мавриди истифодаи умум қарор мегиранд. Ин гуна ёдгориҳо маҳсули зуҳуротҳои физиологӣ ва биологии табиат мебошанд: ба монанди шаршараҳо, қуллаҳо, дарахтони кӯҳансол, кӯлҳо, ҷангалзорҳо, олами ҳайвоноту набототи нодир ва ғайраҳо.

Ёдгориҳои фарҳангу таърих ва табиат сарчашмаи эътимодноки таърихианд, ки аз рўи онҳо гузаштаи ҷомеаи инсониро то пайдоиши хат ва минбаъд, инчунин эволютсияи Замин муайян намудан мумкин аст.

Инчунин ба ёдгориҳо дохил мешаванд:

Нигаред[вироиш]


Адабиёт[вироиш]