АЙРЕКС

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.

АЙРЕКС (инглисӣ: IREX International Research and Exchange Board) ташкилоти байналхалқии ғайримолиявиест, ки роҳбарӣ ва таъминкунии барномаҳои навтаринро ҷиҳати беҳтар гардонидани соҳаи маориф бар дўш дорад ва бо масъалаҳои мустаҳкам гардонидани матбуоти озод ва омўзонидани таълимоти рушди плюралистии ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор дорад. Идораи марказии АЙРЕКС дар Вашингтон, ИМА ҷойгир аст.

АЙРЕКС соли 1968 созмон ёфтааст[1]. Буҷаи солонаи барномаҳояш 50 миллион долларро ташкил медиҳад ва 500 кормандро дар тамом, ҷаҳон фарогир аст. АЙРЕКС ва шарики ў АЙРЕКС Европа барномаҳои гуногун ва таҷрибаи машваратиро дар зиёда аз 50 кишвари олам пешниҳод месозанд.

Маориф[вироиш]

Маориф рушди иқтисод, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъият таъмин карда, барои пешвоёни (лидерони) оянда заминаи устувор мегузорад. АЙРЕКС бо фардиятҳои ҷудогона, институтҳо ва давлат ҷиҳати беҳтару дастрас гардонидани маориф дар тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.

АЙРЕКС барномаҳоро дар ин замина лоиҳагузорӣ карда, консалтингро таъмин мекунад, то ин ки таълимоти ибтидоии доимӣ дар сатҳи аввала ва миёна мавҷуд бошад. Идомаи ин ҳама метавонад таълимоти олӣ гардад, ки тренинги касбиро фарогир аст.

Ташаккули институти таълимотӣ; Омўзгорон ва тренинги факултативӣ; Рушди барномаи таълимӣ; Таҳқиқи байналхалқӣ ва аъзоигии касбӣ; Магистратура ва таҳсили донишҷўён дар хориҷа; Технология барои таълим аз ҷумлаи барномаҳоянд.

Матбуоти мустақил[вироиш]

Матбуоти мустақил шаҳрвандонро ба равзанаи иттилоот ҷалб ва ошно месозад, ки тараққиёти демократӣ ва экологиро пешбарӣ менамояд. Сохтори касбии матбуот ба ҳокимияти шаффофу мустақил бунёд мегузорад, адолату иқтисодро пешбарӣ мекунад ва муҳокимаю баҳси воқеиро дар бобати масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ташкил мекунад.

АЙРЕКС бо ҳамкорони маҳаллӣ фаъолият менамояд, то эътимодияти комили касбӣ ва мустаҳкамии иқтисодро дар нашрияҳо, радио, телевизион ва Интернет таблиғ кунад. Барномаҳои махсусгардонидашуда ва грантҳои хурд заминаи мусоидро барои таҳқиқи босуботи ҳисобот мегузоранд ва роҳбарикуниро дар сохтори ВАО хубтар карда, ҳимояи матбуоти мустқилро таъмин мекунанд.

Доираи фарогирии барномаҳо: Журналистикаи тренингӣ (таълимӣ) ва маориф; Стратегияи матбуот ва менеҷмент; Инкишофи савдо (бизнес) ва реклама; Иттилоъ ва коркарди корҳои ҷамъиятӣ; Матбуот, таҷдиди қонун ва ҳимоя; Технология ва инкишофи инфраструктура;

РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ[вироиш]

Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷўҳи шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кормандони ҳокимияти маҳаллиро бобати дар ҳамкорӣ фаъолият доштан ҷиҳати беҳтар тарбия намудани давлати пурқудрат ҷалб мекунад.

АЙРЕКС аз усули хос ва тренингҳояш истифода мекунад, то аз мўҳтоҷоти ҷомеа хабардор бошаду шахсиятҳои иштиёқмандро барои беҳтару хубтар ба давлат хизмат кардан ҷалб созад. АЙРЕКС фаъолияти мақсадноки худро барои аҳолӣ пешкаш мекунад, ки миёни онҳо занон, ҷавонон, аққалиятҳои миллӣ, гирифторони бемории ВИЧ/СПИД ва маъюбон мавҷуданд.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. АЙРЕКС Тоҷикистон - Дар бораи АЙРЕКС http://www.irex.tj/taj/about.php