Абдулхайр Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулхайр Қосимов
Таърихи таваллуд: 2 август 1907(1907-08-02)
Таърихи даргузашт 2001
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 19571986
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 0441059

Абдулхайр Қосимов (Қосимов Абдулхайр Баҳромович; 02.08.1907, Бухоро — 15.02. 1999, Душанбе) — ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1956), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Театри драмаи мусиқӣ (1929—1932) ва Театри ҷавонони ш. Бухоро (1932—1937) ба сифати актёр ҳунар озмуда, солҳои 1937—1942 актёри Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ), 1942—1944 роҳбари бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ, 1944—1946 роҳбари бадеии Театри халқии вилояти Ғарм буд. Аз соли 1946 то 1962 (нафақа) ба сифати актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ заҳмат кашидааст. Ин пири ҳунар тамоми зиндагии хешро харҷи санъат сохт, қариб сад образ дар театр, зиёда аз шаст нақш дар кино офарида, бойгонии заррини ҳунари миллатро ғанитар гардондааст. Аз истеъдоди модарзодаш на танҳо студияи «Тоҷикфилм» («Ман бо духтаре вохӯрдам», «Қисмати шоир», «Амалиёти „Кубро“, „Хиёнат“ ва дигар филмҳо»), балки «Узбекфилм», «Мосфилм», киностудияи ба номи А. Довженко баҳра бурдаанд. Алоқамандии кино имрӯз ҳам нақшҳои мухталифи офаридаашро бо як ҷаҳон ҳавас тамошо менамоянд. Муаллифи пйесаи телевизионии «Ҷасорат», як қатор интермедияҳои намоишҳои телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Беғараз панд», «Театри минётур» ва ғайра буд. Хидматаш дар парвариши истеъдодҳои ҷавон калон аст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Пири ҳунар, Д., 2007.