Абдумалик Абдуллоҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдумалик Абдуллоҷонов
Абдумалик Абдуллоевич Абдуллоҷонов
20 ноябри 1992 — 18 декабри 1993
(и.в. аз 21 сентябри 1992)
Пешгузашта Акбар Мирзоев
Ҷамшед Каримов (и.в.)
Ҷонишин Абдуҷалил Самадов
парчам
Вазири маҳсулоти нонии ҶШС Тоҷикистон
1987 — сентябри 1992

Таваллуд 1 январ 1949(1949-01-01) (75 сол)
Таҳсилот
Касб Муҳандис-технолог
Эътиқод Ислом

Абдумалик Абдуллоҷонов (1 январи соли 1949, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими сиёсии тоҷик, сарвазири Тоҷикистон аз 21 сентябри 1992 то 18 декабри 1993.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдумалик Абдуллоҷонов 1 январи соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи номдор таваллуд шудааст. Бобои Абдуллоҷонов — профессор Абдураҳмон ибн аш-шайх Муҳаммад Султон ал-Маъсумӣ — олими машҳури улуми динӣ буд ва соли соли 1922 ба Арабистони Саудӣ фирор карда, онҷо мушовири шоҳи саудӣ Абдул Азиз буд.

Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1971 Донишкадаи технологии Одессаро аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог хатм кард. Аз соли 1971 — сардор, баъдан сарвари комбинати Қайроққум шуда кор кардааст.

Аз соли 1980 — муовини вазири аъшёи хоми ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1986 — муовини якуми вазир, аз соли 1987 — вазири масолеҳи нонии ҶШС Тоҷикистон буд.

Аз 21 сентябри соли 1992 — иҷрокунандаи вазифаи сарвазир; аз 20 ноябри соли 1992 — сарвазири Тоҷикистон буд.18 декабри соли 1993 ба сабаби норозигӣ бо сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, худро ба истефоъ дод.

Солҳои 19931994 — сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд.

Моҳи ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии худро гузошт. Моҳи июли соли 1996 блоки сиёсии Ҳамдилии миллиро ташкил кард. Баъдан — пешвои Чунбиши мухолифини шимол барои тамаддуни миллӣ буд. Аз нимаи даҳаи 1990-ум дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад, Абдуллоҷоновро ҳамчун ташкилкунанди нооромиҳои Хуҷанд дар соли 1998 айбдор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир Абдуллоҷонов дар шаҳри Лос Анҷелеси Иёлати Калифорнияи ИМА зиндагӣ мекунад[1].

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кто есть кто в России и в ближнем зарубежье: Справочник. — М., Издательский дом «Новое время», «Всё для вас», 1993. — ISBN 5-86564-033-X

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдумалик Абдуллоҷонов дар бораи сессия, интихобот ва инноватсия — 19 ноябри 2012 Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/interview-abdumalik-abdullojonov-exclusive/24775185.html