Абдураҳим Ҳоҷибоев

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абдураҳим Ҳоҷибоев
Абдураҳим Ҳоҷибоев
Noimage.svg
Зодрӯз 1890
Зодгоҳ Хуҷанд
Даргузашт 8 июли соли 1937
Вазифа шоир

Абдураҳим Ҳоҷибоев (1890- 1937)– соли 1890 дар Хуҷанд дар оилаи деҳқони миёнаҳол таваллуд ёфта, дар мактаби русию маҳаллии Хуҷанд таҳсил кардааст. Баъди ғалабаи Инқилоби Ӯктябр дар шӯъбаи зироати Университети давлатии Туркистон дониш омӯхтааст. Соли 1918 дар вилояти Закаспии ҶМШС Туркистон, солҳои 1919-1922 дар уездҳои Қуқанд фаъолият меварзад. Солҳои 1925-1928 ба ҳайати комиссари зироати ҶМШС Ӯзбакистон кор кард. Сипас чун Раиси Шӯрои Нозирони тоҷик дар пеш бурдани хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми калон гузошт. Соли 1929 очерки иқтисодии ӯ «Тоҷикистон» дар Маскав нашр шуд. Мувофиқи қарори КМ ВКП (б) ва Пленуми декабри КМ, комиссияи марказии назорати ҳизбии ҲК (б) Тоҷикистон соли 1933 чун «миллатчии буржуазӣ» аз вазифаи раиси ШКХ Тоҷикистон озод шуда ҳамроҳ бо Н. Махсум ба Москва ба таҳсил фиристонда шуд. 8 июли соли 1937 бо баҳонаи алоқаи наздик доштан ба Иванович Бухарин ва хато баровардани роҳи стахановӣ ба ҳабс гирифта шуда, ниҳоят ба қатл расид. (Рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», 27.IV.1990).

Сарчашма[вироиш]


Мақола дар асоси маводҳои Энциклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.
  • Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.Ҷилди I (А – АСОС)[1]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.Ҷилди I (А – АСОС)[1]