Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
عبدالرحمن جامی
Абдураҳмони Ҷомӣ
Jami Rose Garden.jpg
Зодрӯз 18 августи соли 1414
Зодгоҳ Ҷом
Даргузашт 19 ноябри соли 1492
Пеша шоир, шайх, бузургвор

Абдураҳмони Ҷомӣ (порсӣ: جامی) шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу-тоҷик буд. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.

Зиндагинома[вироиш]

Нуриддин Абдурахмони Ҷомӣ 18 августи соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, забон аз вай омӯхтаем».

Таҳсил[вироиш]

Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаони», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад. Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои ҳислати аҷибе буд - ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ӯҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутахайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад. Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишчӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон — Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.

Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гирифтаанд, андеша мекард, роҳ меҷӯст устод. Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар куи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯии шогирдон нағзтар тайёр шавам. Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ шогирдонро ба мӯҳлати 40-рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.

Ба хамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочармӣ ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард. Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Ниҳоят рӯзи 40-ӯм ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт: "Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам". Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд. Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёри мерасонд. Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муҷаз ва бомаъни буданд. Дар чамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад. Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошғарӣ (ваф.1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.

Пас аз марги устоди рӯҳонии худ — Саъдиддини Қошғарӣ Ҷомӣ роҳбари маслаки нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.

Мероси адабӣ[вироиш]

Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адаби мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли хаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегӯяд:

Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Буд аз чил зиёд таснифаш,
Рӯ дар эъҷоз кард таълифаш.

Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусҳа то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фикх, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арузу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафахотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар баъзе мадрасаҳою мактабҳои Ховар асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад. Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар замонамон шӯҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:

Агар ба форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гӯяд,
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»

Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики — ғазал, қасида, рубои, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал — «Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм — «Воситатуликд» 493 ва дар девони сеюм — «Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегӯяд:

Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдоӣ,
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис аз шуури доноӣ.
Зикри дунон наёби андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.

Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷатуласрор», «Ҷилоуррух» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи шоир дар қасидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки чавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурди тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳи амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст:

Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шахи баҳру бар аст.

Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубои, қитъа, тарчеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешаванд, ки онҳо аз лиҳози маъни ва санъати суханвари дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзғори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:

Ҳар писар, к-у аз падар лофар, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Сафарҳои Ҷомӣ[вироиш]

Абдураҳмони Ҷомӣ дар хаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Хамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарӣ карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод. Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омад, эй ҷони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.


Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо