Абдусамеъ Абдуқуддусзода
Абдусамеъ Абдуқуддусзода | |
Сурат | |
Таърихи таваллуд | 3 апрел 1956 |
Зодгоҳ | деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2009 |
Абдуққудусзода Абдусамеъ - шоир ва рӯзноманигор. Узви Иттифоци журналистони Тоҷикистон(1990), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон(1997).
Абдуққудусзода Абдусамеъ 3 апрели 1956 дар деҳаи Ворух-и ноҳияи Исфара) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст, хатмкунандаи Университети давлатии Тоҷикистон(1978). Корманди шуъбаи фарҳанг, радиои маҳаллӣ (1978-1987), рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1987-1988) ва аз соли 1988 мудири шуъбаи иттилооти радиои «Насими Исфара».
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷмӯаҳои ашъораш «Хоки сабз» (бо сарсухани Г.Сафиева, 1987), «Сапедаҳои рeзангез» (бо сарсухани В.Самад ва С.Аъзамзод, 1997), «Сангпайванд» (2001), «Ману устод» (2002) ба табъ расидаанд.
Намунаи ашъори шоир:
АШКИ ТОҶИК
Қисмати тоҷикро аз арши аъло бозпурс,
Кулфати тоҷикро аз ҷабри дунё бозпурс.
Ҷӯяи обе, ки бинӣ дар заминаш, ашки ӯст,
Ҳасрати тоҷикро аз оби дарё бозпурс.
Устухонаш орд шуд дар осиёби рӯзгор,
Заҳмати тоҷикро аз санги хоро бозпурс.
Бо лаби ноне қаноат кардаву ҷон медиҳад,
Тоқати тоҷикро аз кӯҳи барҷо бозпурс.
Пора-пора мекунад худро ба дасти хештан,
Ваҳдати тоҷикро з-имрӯзу фардо бозпурс.
Ҷаннати имони ӯ бӯи ҷаҳаннам мекунад,
Ҷаннати тоҷикро аз Моми Ҳавво бозпурс...