Jump to content

Абдуфаттоҳ Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуфаттоҳ Азизов
Абдуфаттоҳ Ҳалимович Азизов
Таърихи таваллуд 1 май 1949(1949-05-01) (75 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров Тоҷикистон
Фазои илмӣ олим

Абдуфаттоҳ Азизов (01.05.1949, д. Шайхбурхони ноҳияи Ғафуров ) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1996), профессор (1997). Аълочии маорифи халқи ҶТ (2000).Профессори фахрии Пажуҳишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзии Чехия, профессори фахрии Донишкадаи забонҳои хориҷии музофоти Нинсяни ЧХЧ.[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуфаттоҳ Азизов факултаи физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971). Муҳаққиқ-коромузи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1971-1973), аспиранти Пажуҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС (1974-1977), сармуаллим, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии ДДОЛ (1978-1980), директори корхонаи илмӣ-истеҳсолии ба номи профессор Ф.Х.Азизови Вазорати кишоварзии ҶТ (аз с.1980), хамзамон дотсент, профессори кафедраи назарияи иқтисодии факултаи кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.1997). Тадқиқоташ ба масъалаҳои идораи истеҳсолоти саноати, арзёбии самарабахшии иқтисоди низоми автоматонидаи идора, консепсияи тахия ва такмили идораи истеҳсолоти кишоварзи, ки ба автоматонии кабули қарорҳои идоракуни асос ёфтааст, бахшида шудаанд. Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, аз ҷумла 8 монография мебошад, ки дар Русия, Чехия, Словакия, ЧХЧ ба табъ расидаанд. Иштироккунандаи конфронсҳои байналхалқи дар Прага (1987, 1989), Рига (1988) аст.

  • Проблемы комплексной автоматизации управления агропромышленным производством региона. - Прага, 1990;
  • Словарь-справочник терминов рыночной экономики. - М., 1992;
  • Системный анализ и автоматизация управления в условиях рыночной экономики. - Д.: Шарки озод, 1994;
  • Словарь-справочник терминов рыночной экономики (с эквивалентами на английском языке). - Прага, 1994;
  • Методология принятия управленческих решений в условиях рыночной экономики. - Худжанд: Ношир, 2000;
  • Фискальная политика в структуре общественных экономических отношений. - Худжанд, 2003; Словарь-справочник бюджетно-налоговых терминов (с английскими эквивалентами). - М., 2004;
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]