Абкор-ул-афкор фӣ расоил ва-л-ашъор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Абкор-ул-афкор фӣ расоил ва-л-ашъор» — қадимтарин маҷмӯаи номаҳо, қасидаҳо, қитъаҳо ва рубоиёти Рашиди Ватвот, ки дар миёни солҳои 11561173 тадвин шудааст. Аз 4 қисм иборат аст. Дар қисми якум 10 номаи арабӣ, дар қисми дуюм 10 қасидаи арабӣ ва чанд қитъа, дар қисми сеюм 10 нома ба забони форсӣ, дар қисми чорум 10 қасидаи форсӣ (дар мадҳи худойгони олам, малики муаззам Хоразмшоҳ), чанд ғазалу қитъа ва дубайтӣ ҷой гирифтаанд. Номаҳо ба сабки маъмули давраи дуюми Салҷуқиён нигошта шудаанд. Корбасти санъатҳо дар ҳади эътидол аст. Бахусус, аз ташбеҳоту истиорот фаровон истифода шудааст. Дар номаҳои расмӣ баёни эҳсосот ва отифаи шахсии нигоранда камтар, аммо дар номаҳои ғайрирасмӣ сухан гуфтан бештар мебошад. Нуктагӯӣ, ғазалгӯӣ, гилагузорӣ, латифапардозӣ, ҳазлу мазоҳ, нақли ашъори тӯлонӣ, таҳқиқот ва нуктасанҷиҳои илмиву адабӣ бадеияти номаҳоро пурқувват гардонидаанд. Як нусхаи аксии «Абкор-ул-афкор фӣ расоил ва-л-ашъор» дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон мавҷуд аст, ки асли он дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул маҳфуз мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мисбоҳиддини Нарзиқул. Таърих ва назарияи номанигорӣ (аз қадим то замони Амир Хусрави Деҳлавӣ), Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]