Jump to content

Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ
Муҳаммад
Таърихи таваллуд: асри X
Таърихи даргузашт: 995(0995)
Навъи фаъолият: шоир

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ҷунайдӣ (форсӣ: بوعبدالله محمّد بن عبدالله جْنَیدی‎; ? — 995) — шоири форс-тоҷики зуллисонайни замони Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шоирони дарбори Сомониён. Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ шоири қасидасаро буда, ба забони арабӣ низ шеър мегуфт. Абёти парокандааш дар тазкираҳо боқӣ мондаанд.

Ин қитъа аз ӯст:

Шабгир, сабӯҳро зи сар гир,
Бар бонги хурӯсу нолаи зер.
Хуршед, ки барзанад сар аз кӯҳ,
Он беҳ, ки хӯрад зи ҷом ташвир.
Аз ҷом ба ҷома дар шабонгоҳ
В-аз ҷома ба ҷом рӯзу шаб гир.
Шир аст ғизои кӯдаки хурд,
Шир аст ғизои мардуми пир.
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.- Д., 2007.