Абулъалои Ганҷавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулъалои Ганҷавӣ
Таърихи таваллуд: асри XI
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: номаълум
Навъи фаъолият: шоир

Низомуддин Абулъалои Ганҷавӣ (? — қарни XII) — шоир ва донишманди форс-тоҷик дар дарбори Шервониён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз таҳсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндаи сулолаи Шервоншоҳиён Манучеҳр (1120—1150) омад ва чун сардафтари шоирони муҳити адабии Шервон унвони маликушшуарроро соҳиб гашт. Инчунин тазкиранависон аз ӯ чун устоди Хоқонии Шервонӣ ва Фалакии Шервонӣ ёд кардаанд. Шоирони дарбор ба ӯ ҳасад мебурданд, дар назди ҳоким чун ифшогари рози давлат ба ӯ туҳмат карданд. Бар асари ин туҳмату иғвоҳо Абулъалои Ганҷавӣ аз дарбор ронда шуд. Девон доштааст, вале то ҳол дастрас нагардидааст. Аз пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абёти боқимондааш бармеояд, ки шеърҳояш маъниву мазмуни баланд доранд. Дар онҳо мавзӯъҳои ҳасби ҳол, мадҳ, фахр, шикоят аз беадолатиҳои замона, панду андарз ва ғайраро дарёфт метавон кард. Абёти зерин аз ӯст:

Замирам абру сухан гавҳар асту дил дарё,
Забон мунодии ин гавҳару замона баҳо.
Ба чун мане, ки зи ақрони худ сабақ бурдам,
Гар аҳли Ганҷа тафохур кунанд, ҳаст сазо.
Суханварон ба ман ар иқтидо кунанд, сазад,
Аз он қибал, ки манам қудваи ҳама шуаро…
Чу шуд равони Имодӣ ба ман гузошт шараф,
Чу рафт ҷони Саноӣ ба ман бимонд сано.
Зи лафзу мартабаю қуввату сафо назмам,
Гумон барӣ, ки зи нор асту обу хоку ҳаво.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, қисми 1. — Д., 1976.