Абулқосим Лоҳутӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ
Abolghasem lahouti.jpg
Зодрӯз 12 октябри 1887
Зодгоҳ Кирмоншоҳ
Даргузашт 16 марти 1957, Маскав
Пеша Шоир

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ (18871957) - шоири инқилобии эронӣ аст ки пас аз муҳоҷират ба Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз шоирон ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон шуд.

Зиндагинома[вироиш]

Абулқосим Лоҳутӣ 12 октябри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми тоҷик, аъзои ҲКИШ аз соли 1924, аз оилаи косиб, саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазминии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсоли меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пур машақату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид.

Дар даврони кӯдакиаш бо ашъори бузурги Фирдавсиву Ҳофизу Саъдӣ шиносоӣ пайдо мекунад. Солҳои 1905 - 1911 ба Лоҳутӣ ҳукми қатл бароварданд ва ба Бағдод ба муҳоҷират меравад. Дар соли 1915 ӯ ба ватан баргашта ба ҳаракати миллии озодихоҳӣ мепайвандад. Ӯ дар соли 1917 бо болшевикон шинос мешавад. Баъди Револютсияи Октябр Лоҳутӣ тақрибан дар муддати як сол дар шаҳрҳои Нахҷувон, Тифлис ва Боку зидагонӣ кардааст ва дар авали соли 1923 ба Маскав омада ба Нашрияи халқии СССР ба кор дохил мешавад. Дар соли 1925 Лоҳутӣ бо хоҳиши шахсии худ ба Тоҷикистони Шӯравӣ ба кор меравад. Дар ин ҷо ӯ бо шоирон ва нависандагони Тоҷикистон, азон ҷумла Садриддин Айнӣ шиносои пайдо мекунад.

Дар соли 1926 аъзои СИК и Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз соли 1931 сар карда ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Правда» кор мекунад. Лоҳутӣ барои тайёр кардани шоирону нависандагон ба съезди якуми нависандагони СССР бисёр хизмат мекунад. Аз соли 1924 аъзои Партияи коммунистии СССР. Ӯ аввалин шеърашро дар сини шонздаҳсолагиаш менависад.

Осори шоир[вироиш]

  • Шуъла ва шамшер.Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе,1974

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:
[[Commons::Category:Abolqasem Lahouti|Абулқосим Лоҳутӣ]]