Абулҳасан ибни Марзбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасан ибни Марзбон
Абулҳасан ибни Марзбон
Таърихи таваллуд номаълум
Таърихи даргузашт 1065(1065)
Пеша олим

Абулҳасан ибни Марзбон, Баҳманёр (форсӣ: بهمنیار‎) (с. таваллуд номаълум — вафот 1065) — маъруф ба Киёраис, файласуфи машҳури форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳасан ибни Марзбон аз оилаи ашрофзода будааст ва aслан зардуштӣ буда, баъд ба дини ислом гароидааст. Оид ба давраҳои ҷавонӣ, таҳсили илм ва камолоти ӯ маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. ва дар ақоиду ороаш ба таълимоти фалсафии Арасту, навафлотуния, Форобию Ибни Сино пайравӣ намуда, дар осораш баъзе масоили таълимоти онҳоро инкишоф додааст ва аз ин рӯ ӯро намояндаи фалсафаи машшо мешуморанд. Шогирди Ибни Сино.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ роҷеъ ба мантиқ ва фалсафа, ахлоқу сиёсат осори бисёре таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «ат-Таҳсил», «Рисола фӣ маротиби-л-мавҷудот», «Китобуззинат фӣ-л-ман¬тиқ», «Китобу-л-баҳҷат вассаодат», «Китобу фӣ-л-муси¬қӣ» ва ғ. мебошанд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо Ибни Сино барои Баҳманёр. се китоб навишта, аксари масъалаҳои «Мубоҳисот»-и худро низ ба ҷавоби саволҳои Баҳманёр бахшидааст.

Баҳманёр дар таъбиру тафсили масъалаҳои фалсафӣ аз таълимоти каломӣ дурӣ ҷуста, ба таълимоти файласуфони юнонӣ наздик шудааст. Ӯ масъалаҳои фалсафии маъмул дар асрҳои миёнаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳқиқи матолиби ҷавҳару араз, воҷибулвуҷуд ва имконулвуҷуд, ҳаракат, макону замон ва назарияи маърифат бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Ҷиҳати муҳимми таълимоти фалсафии ӯ муносибати оқилона (ратсионалистӣ) ба таквини олам ва тамоюли моддигароӣ дар ҳалли баҳсҳои ҳастишиносӣ мебошад. Ратсионализми Баҳманёр дар таъбири масъалаҳои фалсафаи амалӣ низ мушоҳида мешавад. Ӯ ақидаҳои ахлоқиро зимни андешаҳои равоншиносӣ баён кардааст. Ба фикри ӯ, яке аз воситаҳои муҳимми дарёфти саодат омӯзиши ҳикмат аст. Ӯ садоқату роҳат, тамкиняу қаноатро сифатҳои беҳтарини ахлоқи ҳамида мешуморад. Баҳманёр ба мавҷудияти иллати аввал ва ҷавҳари мутлақи рӯҳонӣ бовар дошта бошад ҳам, донисташавандагии олам, ҳатто моҳияти аввалро эътироф кардааст. Ба ақидаи ӯ, Худо тамоми олам не, балки офаридгор ва иллати аввалини он аст. Ашё ва падидаҳо ба туфайли таъсири мутақобила мавриди кавну фасод қарор мегиранд. Ин назари ӯ ба деизм хеле наздик аст ва моҳиятан як навъ созиш бо динро ифода мекард. Роҷеъ ба ҳастӣ Баҳманёр ақлро ҷавҳари рӯҳонӣ, мабдаъ ва аввалин судур медонад, ақли самовӣ, ба фикри ӯ, «ғоя»-ҳои Афлотун, «логос»-и Афлутин ва «софия»-и гностикҳо мебошад. Баҳманёр асоси оламро ҷавҳари мутлақу ғайримоддӣ донад ҳам, дар айни замон, абадию азалӣ будани оламро эътироф мекунад. Ӯ Худоро сабабу оламро натиҷа дониста, дар масъалаи замону макон низ пайрави Ибни Сино будани худро нишон додааст.

Дар назарияи маърифат Баҳманёр мақому мартабаи ақлро баланд бардошта, бар хилофи ақидаҳои агностикию ирратсионалистӣ, ба воситаи ақл дарк намудани олами моддиро таъкид ва нақши ақли назариро дар дарки Офаридгор баланд бардоштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Султонов У. Муосирони Абуалӣ ибни Сино. — Д., 1980.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]