Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ - шоири бузурги ватандустӣ асри 10 аст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» 317 ҳиҷрӣ (929-930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкираҳо Самарқанд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд. Фаъолияти эҷодии ӯ аз доираи адабии ҳокимони Чагониён (водии Ҳисору Сурхондарё), ки марказаш шаҳри Термиз буд, оғоз ёфтааст. Дар ин вақт кишвари Чагониёнро хонадони Мӯҳтоҷиён идора мекард. Асосгузори ин хонадон Абубакр Муҳаммад Музаффар Мӯҳтоҷ буда, соли 933 таъсис ёфтааст. Ин хонадон бо вуҷуди тез-тез исён карда истодан тобеи давлати Сомониён буд. Онҳо бо барқарор намудани анъанаҳои бобоёни худ - тоҷикони чагониёни кӯшиш мекарданд, урфу одатҳо ва адабиёту забони дариро инкишоф медоданд, шоирон ва аҳли илмро дастгири мекарданд. Аз ҳокимони ин хонадон, масалан, Тоҳири Чагони (амир Абдулмузаффар Тоҳир ибни Фазл, вафоташ 987- 988) худ низ шеър менавишт, истеъдоди хубе ҳам дошт. Дар доираи адабии онҳо шоирон Дақиқӣ, Мунчики Тирмизи ва Фаррухии Сиистони умр ба сар бурда, асарҳо эҷод намудаанд. Дар бораи ба ин дарбор нисбат додани Дақиқӣ, Фаррухи дар шеърҳои мадҳияи худ ба Фахруддавла ишора кардааст:

То тарозандаи мадехи ту Дакики даргузашт,
З- офарини ту дилоганда чунон, к-аз дона нор.
Хар наботе, к-аз сари гури Дакики бардамад,
Гар бипурси, з- офарини ту сухан ронад хазор.

Дакики дар замони хукмронии Нух ибни Мансури Сомони ба доираи адабии Бухоро омадааст. Рухи ватандустона – шуубияи у баъзе хоинони ватанфуруш, чосусхои хилофат, хоконхои турк ва рухониёни мутаассиби исломии ханафия маъкул набуд. Махсусан, ба назми достонхои кахрамонии ватандустонаи халки худ шуруъ намудани у ба ин гурух писанд наомад. Бинобар ин, хамон гуруххои иртичои гуё бо дасту ханчари гуломаш дар яке аз шабхои базм куштанд. Ин вокеа дар соли 977 руй додаст. Куввахои иртичои мохияти аслии вокеаро пинхон дошта, онро «аз бадахлокии» у ва аз рашк куштани гуломаш маънидод кардаанд. Фирдавси хам аз руи хамин овозахо сабаби кушта шудани шоирро дар мукаддимаи «Шохнома» «аз хӯйи бад» маънидод намудааст:


Чавонешро хуи бад ёр буд,
Або бад хамеша ба пайкор буд.
Бар у тохтан кард ногох марг,
Бар сар барниходаш яке тири тарг….

Чунин акидаи Фирдавси ва овозаву бахонаи он галат буд, зеро Дакикиро хамон куввахои иртичои кушта буданд, ки Рудакиро кур, давлати Сомониёнро бархам дода буданд

Эҷодиёт[вироиш]

Аз руйи маълумоти Носири Хисрав девони шеърхои Дакики, хатто, дар асри XI дар кишвархои гарбии Эрон хам шухрат доштааст, вале то хол ёфт нашудааст. Мероси адабии у ва шакли шеърхои вай аз касида, газал, рубои, китъа, дубайти ва маснави (достон) иборат будааст. Мундаричаи ашъори уро мавзуъхои ишки, мадх, марсия, панд, тасвири табиат, ватандусти ва гайра ороиш додааст. Дакики хам шоири хассоси лирик ва хам донандаю сарояндаи шеърхои (достони) эпикию кахрамони мебошад. Касидахои мадхияи Дакики ба мирони Чагониён ва амирони Сомони бахшида шудаанд ва ба равияи умумии давр, ки идеализатсия ва мухофизати давлати марказонидашудаи феодалист, нигаронида шудааст:

Малик он ёдгори Оли Доро,
Малик он кутби даври Оли Сомон.
Агар бинад ба гохи кина иблис,
Зи бими теги у бипазирад имон.
Ба пои лашкараш Нохиду Хурмуз,
Ба пеши лашкараш Мирриху Кайвон.

Аз касидахои у бештар қисмати ташбиб боки мондааст, ки аксар манзараи табиатро хеле бадеи, образнок ва реалистона тасвир менамояд. Газалхои асри X-ро танхо ташбиби касида номидан расм шудааст. Аммо газалхои Дакики, агар бетахаллусиашро мустасно кунем, аз чихати мавзуъ ва композитсия, пурраги ва рехтагиаш ба газал тамоман монанд аст. Ба ин масъала худи у низ ишорат кардааст:

Маро гуяд зи чандин шеъри шохон,
Ва чандин ошикона шеъри дилбар.

Ифодахои «шеъри шохон», «ошикона шеъри дилбар» ишора ба касидахои мадхия ва газалхои ишки аст. Масалан, шеъри ошиконаи зерин бо пурраги, яклухти ва фикран тамом буданаш ба газал монанд аст, факат ин ки тахаллус надорад:

Кошки андар чахон шаб нести,
То маро хичрони он лаб нести.
Захми акраб нести бар чони ман,
Гар вафо зулфи муакраб нести.
В-ар набуди кавкабаш дар зери лаб,
Мунисам то руз кавкаб нести.
В-ар мураккаб нести аз некуи,
Чонам аз ишкаш мураккаб нести.
В-ар маро беёр бояд зистан,
Зиндагони, кош, ё раб, нести!

Ин шеър як компоненти пурраи ишкии образи ошик ва маъшукаеро ба вучуд овардааст, ки он дар байти мактаъ чамъбаст гардидаст. Дар шеъри боло олами ботини ва хиссиёти пуразоби ошик бо лиризми баланди шоирона ифода ёфтааст. Майлхо ба дини зардушти, ба таври чидди аз ислом баргаштан ва комилан ба зардушти руй оварданро ифода намекард, зеро ислом аллакай пурра кабул шуда, ба фахму шуури мардум дохил гардида буд. Зардуштпарасти, ки аз оини аҷдодии мост, дар шеърхои дигари ин шоири ватандуст низ акс ёфтааст:

Яке зардуштворам орзуест,
Ки пешат Зандро бархонам аз бар.
Бархезу барафруз, хало, киблаи Зардушт,
Биншину барафган шиками кокум бар пушт.
Бас кас, ки зи Зардушт бигардиду дигар бор
Ночор кунад ру ба суйи киблаи Зардушт.

Олам ва «Шохнома»- и Дақиқӣ[вироиш]

Дакики дар Бухорои Сомони ягона шоири ватанхоҳ, донанда ва дустдори анъанахои милли ва достонхои кахрамонии халки худ буд. Шояд аз хамин сабаб бошад, ки Нух бинни Мансури Сомони соли 976 ба назм даровардани киссаи «Шохнома»- и равонаро ба Дакики фармуд ва у ин вазифаро бо чону дил кабул кардааст:

Чавоне биёмад кушодазабон,
Сухан гуфтани хубу равшанравон.
«Ба назм орам ин номаро» гуфт, «ман»,
Аз у шодмон шуд дили анчуман.

Дакики аз киссахои «Шохнома» достони «Гуштоспу Арчосп» - ро дар вазни мутакориби мусаммани максур ба назм даровард. Хамин тарик, Дакики аз ин достон 1000 байт гуфт ва онро Фирдавси ба «Шохнома» - и худ чой додааст. Дар шеърхои Дакики манзараи гуногун ва зебоии табиат бо хамаи ороиш ва тозагию нафосаташ вобаста ба хиссиёти ошиконаю хаётдустона ба таври бадеи тасвир ёфтааст. Олами Дакики гарчанде ки у умри зиёде надида бошад хам, пур аз тозагию зебои, ситоиши куввахои неки табиат ва худи табиати инсон ба хуби тасвир ёфтааст. Ва худи «Шохнома»- и безавол танхо аз тахаюлоти поки у асос гирифт…

Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо