Абунасри Толиқонӣ
Зоҳир
форсӣ: احمد بن ابراهیم ابونصر طالقانی | |
Номи пурра | Аҳмад ибни Иброҳими Абунасри Толиқонӣ |
Навъи фаъолият: | шоир |
Аҳмад ибни Иброҳими Абунасри Толиқонӣ (форсӣ: احمد بن ابراهیم ابونصر طالقانی; қарни XI) — шоири форс-тоҷики даврони Салҷуқиён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур — Низомулмулк (1017—1092) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадҳи Низомулмулк мебошанд[1]. Ба ғайр аз ин аз Абунасри Сарроҷ рубоиҳои панду андарзӣ, ишқӣ ва ғайра дастрас гардидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти ӯст:
Накунад бо адӯ мудоро суд,
З-ӯ ба ҳар ҳол дур бояд буд.
Гарчи дорӣ ба ноз каждумро,
Бигазад, ҳар куҷо биёбад, зуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ابونصر طالقانی، احمد بن ابراهیم (قرن ۵ق) - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 15 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абунасри Толиқонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.