Абушакури Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абушакури Балхӣ
Таърихи таваллуд: 915
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: асри X
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абушаку́ри Балхӣ (ар. ابوشکور بلخی‎) (915 — ?) — шоири зулисонайни форс-тоҷики ҳамрӯзгори Сомониён, муаллифи «Офариннома».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии Абушакури Балхӣ, асосан, дар замони ҳукмронии Сомониён гузаштааст. Чанд муддат дар дарбори Нӯҳ ибни Наср (ҳукмронӣ 943—954) хидмат кардааст. Ӯ ба туфайли маснавии «Офариннома» (таълифаш — 947) шӯҳрат ёфт.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Саид Нафисӣ ҳангоми ҷустуҷӯи осори ҳамасрони Рӯдакӣ аз тазкираву фарҳанг ва дигар сарчашмаҳои илмию адабию таърихӣ абёти ӯро ёфта, изҳор кардааст, ки Абушакури Балхӣ ғайр аз маснавии «Офариннома», боз се достони дигар иншо карда будааст. Маснавии «Офариннома» асари панду ахлоқӣ буда, аз ҳикоятҳои маишии дорои ҷанбаи ахлоқӣ иборат аст. Аз мероси адабии Абушакури Балхӣ ҳамагӣ 372 байт боқӣ мондааст. Ашъораш асосан ишқӣ ва панду насиҳатист. Забони ашъор ва услуби баёни ӯ равону сода аст. Бисёре аз абёти ӯ ба забони арабӣ тарҷума карда шудаанд.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Чанд намуна аз ашъори ӯ:
Хирадманд гӯяд хирад подшост,
Ки бар хосу бар ом фармонравост.
Хирадро тани одамӣ лашкар аст,
Ҳама шаҳвату орзу чокар аст.
Ду чиз аз дил андӯҳ берун барад,
Рухи дӯсту овози марди хирад..
Ҳар он дӯст, к-аз баҳри суду зиён
Бувад дӯст, душман бувад бегумон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007;
  • Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., 1960.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]