Аварҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зане бо либоси миллии доғистонӣ

1.Аварҳо халке, ки асосан дар қисми кӯҳсори Доғистон, қисман дар хамвории районҳои Буйнок, Хасавюрт ва ғайра маскун аст. Дар шимоли Озорбойҷон. (Ноҳияҳои Белокан ва Закатал) низ хастанд. Шумораашон 396 ҳазор (1970), аз ҷумла дар Доғистон 239 ҳазор. Википедиа

2. Аварҳо 1) қабилаҳои муттаҳиди туркзабон ва дигар қабоили Осиёи Марказӣ, Сибири Ғарбӣ, Приурал­йе, Поволжйе. Дар маъхазҳои таърихии миёнаҳои асри 5 аз онҳо ёд шудааст. Солҳои 550 – 62 то Кавкази Шимолӣ расида чандин қабилаҳоро ба худ тобеъ кардаанд. Соли 567 бо сарварии хон Баян қабилаҳои германии гепидҳоро нобуд карда, заминҳояшонро тасхир намуданд ва дар ҷояш Хоқонии Аварҳоро таъсис доданд. Ибтидои садаи X аз тарафи венгерҳо комилан мағлуб гардида, тадриҷан бо аҳолии маҳаллии Подунавия ва Причерноморйеи Ғарбӣ омезиш ёфтанд; 2) аварҳо (худашон маарулал мегӯянд), халқият дар Федератсияи Русия, халқи таҳҷойии Доғистон. Дар кӯҳсор ва баъзе наво­ҳии ҳамвори марказӣ ва шимоли ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд. Ҳамчунин дар Чеченистон, Қалмоқистон, вилоятҳои Астрахану Ростов ва ноҳияҳои Белоканск ва Закаталияи Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ҳаёт ба сар мебаранд. Шумораи ками онҳо дар Гурҷистон низ сукунат доранд. Забонашон аварист. Забони русӣ низ маъмул аст. То ибтидои садаи XX бо хати арабӣ менавиштанд; аз соли 1927 аз алифбои лотинӣ ва аз соли 1938 аз алифбои кириллӣ истифода мебаранд. Шумораи умумии аҳолӣ дар ибтидои садаи XXI тақрибан 601 ҳазор; дар Россия 544 ҳазор, аз ин дар Доғистон 496,1 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Эътиқодмандони Аварҳо аҳли мазҳаби шофеии тасаннунанд; пайравони силсилаи нақшбандия, қодирия ва шозалияи тасаввуф низ ҳастанд. Шуғли асосии Аварҳо чорводорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва қолинбофист. (Б. Раҳматов)

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]