Аватар (2009 филм)

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аватар
Коргардон Ҷеймс Кэмерон
Release date(s) 2009
Кишвар ИМА
Забон англисӣ

Аватар - Филми «Аватар», ки имрӯз дар дунё вирди забон аст, рекорди пурфурӯшии «Титаник»-ро шикаст ва дар таърихи синамои ҷаҳон ба ҷои аввал баромад. «Титаник» дар тӯли 6 моҳ як миллиарду 843 миллион доллар ҷамъ оварда буд, фурӯши «Аватар» дар шаш ҳафта ин рақамро убур кард ва имрузњо 2- миллиард доллар гузашт. Бойд зикр намуд, ки њардуи ин филмро Ҷеймс Кемэрон коргардони намудааст.Сайри «Аватар» дар синамохонаҳои ҷаҳон идома дорад ва ин рақами ниҳоӣ нест. Фоидае, ки то итмрўз «Аватар» ба даст овардааст, аз буҷаи баъзе кишварҳои љањон бештар аст. “Аватар” дар бораи саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора нақл мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекунанд ва ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Навї аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири захоири табиӣ мехоњад аз сайёраашон мехоҳад берун кунад ва нобуд созад. Қаҳрамони филм дар он ҷо ба духтари сардори қабила ошиқ шуда, ба ҷониби сокинони он саёра мегузарад.

Ҷеймс Кемэрон

Аксари мунаққидони синамо бар он аќидаанд, ки «Аватар» барои Ҷеймс Кемэрон на камтар аз «Титаник» ҷоизаҳои байналмилалиро хоҳад овард. «Аватар» аллакай ду ҷоизаи Голден Глобес-ро( Golden Globes) гирифтааст ва моҳи оянда ҷоизаҳои зиёдеро дар Оскар касб хоҳад кард. Филме, ки бо гаронтарин харољот дар таърихи синамо, яъне 300 миллион доллар ба навор гирифта шудааст, дар саросари ҷаҳон шӯреро барангехтааст. Масалан, дар Чин исми кӯҳеро «Аватар» гузоштаанд. Мақомоти ин вилояти чинӣ фикр љолиб кардаанд, Зеро фаҳмидаанд, ки Пандора барои сайёҳон дур аст, вале ин кӯҳ наздику дастрас.

Мутахассисони соҳаи синамо пешгӯӣ мекунанд, ки филми “Аватар”-и коргардони шинохта Ҷеймс Камерон аз ҳама бештар пайкараҳои тилоии Оскарро соҳиб хоҳад шуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин нишондодҳои беназир “Аватар” барои гирифтани пайкараҳои Оскар бо рақобати ҷидди рубару хоҳад шуд. Рақиби аслии вай, филми собиқ ҳамсари Камерон хонум Кетрин Бигелоу - “Хӯҷаини ғубор” хоҳад шуд, ки низ дар 9 бахш ба “Оскар” пешбарӣ шудааст ва боз фитлмсозони зиёде њастанд, ки бо ин ду филмсоз раќобат хоњанд кард. Аъзои Академияи синамои Амрико барои ҳар номзад овоз медиҳанд ва маросими эълони ғолибон ва супоридани пайкараҳои тилоии “Оскар” 7-уми март дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад. Ҷеймз Комерун барои фароҳам шудани имконоти фаннии филми “Аватар” даҳ сол мунтазир монд, аммо саранҷом филме арза кард, ки муваффаќияти беназир ба ҳамроҳ овард. Бахусус, ду омил муваффақияти “Аватар”-ро тазмин кард: яке боло рафтани қимати билети синамо дар Амрико ва дигар қимати изофӣ барои айнакҳои секунљї. Ҷеймс Кемерон, марде, ки дар як даҳсола ду пурфурӯштарин филми ҷаҳонро сохтааст, гуфтааст, ки қисми дуввуми «Аватар»-ро низ бо Сэм Уортингтон, ҳунарманди австралиягӣ, ба навор хоҳад гирифт.

Интервю аз Кемерон[вироиш]

Дар оғоз мехостам дар бораи ба вуҷуд омадани сенарияи филм маълумот диҳам. Ин сенарияро 14 сол пеш навишта будам. Дар он замон дар кино кампанияии Тӣ Ҷидалдамен ба ҳайси директории иҷроя фаъолият доштам ва ба коргардонҳои ин студия сенарияи филми Аватарро пешниҳод кардам баъди хондани сенария онҳо ба чунин хулоса/ақидае омаданд, ки ба наворгирии ин гуна филм хеле душвор аст. Аз як ҷиҳат маблағи зиёдро талаб мекунад ва аз ҷиҳати дигар мо ин гуна техналогияро надорем ва метавонад студияи моро ба муфлисшавӣ расонад. Баъди ин ман сенарияи худро дар як ҷевони дур партофтам, ки муддати 10 сол зери чангу хок хобид. Дар гузашти вақт технология хел пеш рафт ва ба воситаи графикҳои компютери имкон пайдо шуд, ки ҳар гуна одамҳо ва ҳайвонҳои аҷоибро бисозанд ба монанди филми «Арбоби ҳалқаҳо». Ва ман ба акидае омадам, ки вакти он расидааст сенарияро аз ҷевон берун орам. Ман 4 сол пеш корро аз руи сенарияи Аватар шурӯъ намудам. Сараввал мо дизайни сайёраи Пандора ва растанию ҳайвонот ва табиати аҷиби онҷоро сохтем, ки ҳамаи ин якуним солро дар бар гирифт. Воқеаҳое, ки дар ин филм иникос ёфтаанд ба асри 22 таалуқ доранд ва ҳамаи ин дар сайёраи Пандора рух медиҳад. Табиати Пандора ниҳоят зебо ва рангин аст ва дар онҷо бисёр растаниҳои аҷоиб мерӯянд, ки дарахтонаш 30 метр қад доранд, ҷонваронаш хеле бадҳайбатанд. Дар Пандора қабилаи Нави зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба одамон монанд, қадашон ба 3 метр мерасад дар баробари ин дум ҳам доранд ва дар танашон ба мисли паланг рахҳои кабуд мавҷуд аст. Аватарҳо аз силоҳҳои бисёр сода истофода мебаранд, монанди тиру камон. Мо ба ҳамаи ин мукшилиҳо нигоҳ накарда дар муддати 4 солу 7 моҳ филми Аватарро ба анҷом расонидем ва пешкаши тамошобинон гардонидем.

Пайвандҳои беруна[вироиш]