Авлиёхони Ӯротеппаӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | нависанда |
---|
Авлиёхони Ӯротеппаӣ (қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Ӯротеппа. Авлиёхони дар навиштани 7 навъи хат устоди беназир буд. Чунончи, ба муносибати китобати «Куллиёт»-и Бедил шоири маъруфи давр Нодими Истаравшанӣ чунин қитъаи таърих гуфтааст:
Авлиёхон соҳиби иззу шараф,
Ҷомеъулфазлу саодатинтибод.
Дар китобат ҳиммати олӣ намуд
Солу моҳу ҳафта, рӯзи беҳисоб…
Турфа девон аст аз Бедил тамом,
Нутқи мавзун, маънияш луб-ул-лубоб…
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчунин китобати достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ (1863, Бухоро, хати шикастаи хоно) низ ба қалами Авлиёхони тааллуқ дорад. Ин китоб дар Шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ таҳти рақами 1917 маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авлиёхони Ӯротеппаӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.