Jump to content

Ада Лавлейс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ада Ловлейс)
Ада Лавлейс
англ. Augusta Ada King, Countess of Lovelace
Таърихи таваллуд 10 декабр 1815(1815-12-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 ноябр 1852(1852-11-27)[4][2][3][…] (36 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт[6] ва Роёниш
Ҷойҳои кор
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Авгу́ста А́да Кинг (дар хурдӣ Августа Ада Байрон), граф Ла́влейс (англ. Augusta Ada King Byron, Countess of Lovelace), машҳур ба Ада Лавлейс (10 декабр 1815, Лондон, Бритониёи Кабир — 27 ноябри 1852, Лондон) — риёзидони инглис, нависанда ва нахустин барномасози роёна.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ада Лавлейс 10 декабри соли 1815 ягона духтари қонунии шоири англис Ҷорҷ Байрон ва зани ӯ Анна Изабелла Байрон ба дунё омад. Бақия фарзандон лорд Байрон хориҷ аз чаҳорчуби издивоҷ ва аз занони дигар мутаваллид шуда буданд. Байро як моҳ пас аз таваллуд Ада аз ҳамсараг ҷудо шуд ва чаҳор моҳ баъд барои ҳамеша Инглистонро тарк кард ва саранҷом ба далели як беморӣ дар Ҷанги истиқлоли Юнон даргузашт. Он ҳангом Ада ҳашт сол дошт. Модари Ада аз лорд Байрон, ки ба шеър алоқаманд буд кинадор монд ва барои Ада риёзиёту мантиқро ташвиқ кард ва саъй кард монеъи парвариши ончӣ ӯ девонагии падараш мепиндошт шавад вале алорағми ин мавзӯъ Ада алоқаманди падараш дар шеър боқӣ монд (ва ҳатто бо дархост вай дар канори падараш дафн шуд)