Jump to content

Адади массавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адади массавӣ — миқдори умумии протонҳо ва нейтронҳо (ба истилоҳ нуклонҳо) дар ядрои атом. Одатан, бо ҳарфи А ишорат мекунанд. Барои нишон додани изотопи мушаххас адади массавӣ аз тарафи чапи рамзи элемент дар боло гузошта мешавад. Масалан, барои 232Th (изотопи торий) А=232 аст. Адади массавӣ ва заряди ядро Z, ки бо воҳидҳои заряди электрикии элементарӣ ифода ёфтаанд, таркиби ядрои атомро муайян мекунанд: Z протонҳо ва (А –Z) нейтронҳо. Адади массавӣ ба массаи атомии изотоп, ки бо воҳиди атомии масса (в. а. м.) ифода меёбад, наздик аст (фақат барои карбон ин бузургиҳо баробаранд). Дар дигар ҳолатҳо бар хилофи адади массавӣ массаи атомӣ адади бутун нест. Изотопҳои адади массавиашон якхела изобар номида мешаванд.