Ада Ловлейс

Аз Википедиа

Ada Lovelace
Ада Ловлейс
Зодаи 10 декябр, 1815
Вафот кард 27 ноябр, 1852

Августа Ада Кинг, графиния Ловлейс (англисӣ: Augusta Ada King Byron, Countess of Lovelace, одатан Ада Лавлейс мегӯянд) (10 декябр, 181527 ноябр, 1852) — риёзидони англис. Аввалин барномасоз. Асосан бо сохтани мошинҳои ҳисобарор машҳур аст, ки ин барномаро Чарлз Бэббиҷ таҳрези карда буд.

Ада, 10 декабри соли 1815 таваллуд шудааст, ягона духтари қонунии шоири англис Ҷорҷ Байрон ва зани ӯ Анна Изабелла Байрон. Нахустин ва охирин маротиба Байрон духтари худро баъд аз як моҳи таваллудаш дида буд. 21 апрели соли 1816 Байрон аз завҷааш расман ҷудо шуда Англияро тарк мекунад.