Азим Иброҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Иброҳим
Азим Иброҳим
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи 2020
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Худоёр Худоёрзода
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 ноябри соли 2013 — 30 августи 2020
Президент Эмомалӣ Раҳмон

Таваллуд 1 март 1962(1962-03-01) (62 сол)
Таҳсилот Донишкадаи политехникии Тошкент,
Академияи байналмиллалии ашёи минералӣ дар шаҳри Маскав.
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Азим Иброҳим (1 марти соли 1962, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб) — ходими давлатӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон (аз 2013 то 2020), вазири нақлиёти Тоҷикистон (аз 2020).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералӣ дар шаҳри Маскав.

Фаъолияти кориашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985—1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошканд фаъолият намудааст.

Солҳои 1992—1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994—1995 дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1995—2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004—2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2005 дар вазифаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Барои фаъолияти кориаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гардидааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 то 30 августи 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардидааст.

31 августи 2020 бо фармони раиси ҷумҳурӣ ба мансаби вазири нақлиёти Тоҷикистон гузаштааст[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 31 августи 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]