Фарҳангистони улуми Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Академияи илмҳои Тоҷикистон(Фарҳангистони улуми Тоҷикистон) – муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе воқеъ аст.

Таърих[вироиш]

Дар асоси Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС соли 1951 ҳамчун Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Аввалин аъзоёни комилҳуқуқи Академияи илмҳои ҶШС ТоҷикистонСадриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иван Николаевич Антипов-Каратаев, Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Семён Иванович Плешко, Александр Александрович Семёнов, Николай Владиславович Смольский, Сараджан Михайловна Юсупова, Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев, Александр Юрьевич Якубовский шуданд. [1]

Академия дар солҳои 1951-1990[вироиш]

Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ

Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарварӣ, Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шӯъбаи пахтапарварӣ, Шӯъбаи фалсафа ва Шӯъбаи иқтисодиёт.Тайи солҳои минбаъда воҳидҳои нави илмии зерин дар АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, Институти астрофизика, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Пойгоҳи дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо, Институти иқтисодиёт, Институти гастроэнтерология, Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳи табиӣ, Институти шарқшиносӣ, Институти математика бо Маркази ҳисоббарорӣ.[2]

Академия дар солҳои 1991-2011[вироиш]

Тайи ин солҳо воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Инстиути илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Филиали дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶТ, Шӯъбаи маводшиносӣ, Шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) қатъи назар аз душвориҳои ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо кӯшиши ҳукумат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ва Академияи илмҳо- маркази асосии илми мамлакат ҳифз ва тараққӣ дода шавад. Рушди илм ва маориф дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятдошта эътироф гардид. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шуд.

Дар ин давра воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти давлат ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон.

Моҳи майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Ҳамчунин воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Маркази синошиносии назди Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав.

Дар соли 2011 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 2000 кормандон кор мекарданд, ки аз онҳо 35 нафар аъзои пайваста (академикҳо) ва 43 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати Академияи илмҳо 18 аъзои хориҷӣ ҳастанд.

Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 институти илмиву тадқиқотӣ, филиал дар Помир, ки 2 институтро дар бар мегирад, Маркази илмии Хуҷанд, Маркази илмии Хатлон, Маркази байналмилалии илмию таҳқиқотии «Помир-Чакалтой» ва як қатор муассисаҳои дигари илмиро, ки дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳқиқот мебаранд, муттаҳид менамояд.

Муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 шӯъба муттаҳид шудаанд:

Ҷоизаҳои Академия[вироиш]

Барои дарёфти "Ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника" Академияи илмҳои Тоҷикистон доимо дар байни олимон озмун мегузаронад.

Академияи илмҳои ҶТ барои дарёфти чунин ҷоизаҳои ба номи олимони барҷастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон озмун эълон мекунад:

  • академик С.У.Умаров – дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ;
  • академик Е.Н.Павловский – дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ;
  • академик М.С.Осимӣ – дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ.

озмуни шаффоф барои олимони кишвар эълон мекунад. Ҷоизаҳо ба олимони мамлакат барои корҳои ҷудогонаи илмӣ, ихтироот, инчунин барои силсилаи корҳои илмӣ дар як мавзӯъ дода мешавад.

Президентҳои АИ Тоҷикистон (раисони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон)[вироиш]

Раёсати Академияи илмҳо[вироиш]

  1. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон - Фарҳод Раҳимов

Ноибони президенти АИ Тоҷикистон:

  1. Муҳиба Якубова, раиси Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Тоҷикистон;
  2. Саидмуҳаммад Одинаев, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон;
  3. Кароматулло Олимов, раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Олимони барҷастаи академия[вироиш]

Баҳси академик Камол Айнӣ (ховаршинос)
Баъд аз конфронси илмии физикон (дар саҳни АИ Тоҷикистон)

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Первая сессия Академии Наук Таджикской ССР. // Вестник АН СССР, 1951, № 6, стр. 41—42
  2. [1]
  3. [2]