Аксуламали Вассерман
Аксуламали Вассерман (RW) — яке аз усулҳои ташхиси бемории сифилис. Ба номи иммунологи немис Август Вассерман гузошта шудааст.
Аксуламали Вассерман дар мавриди сифилиси аввалин (дар ҳафтаҳои 6 – 8-уми беморӣ) дар 90 ва дар аснои сифилиси дуюмин дар 98 – 100 фоизи ҳолатҳо мусбат падид меояд. Аксуламали Вассерман якҷоя бо дигар аксуламалҳои серологӣ (РПГА, ИФА, РИФ) на фақат барои ошкор сохтани ангезандаи беморӣ, балки баҳри муқаррар намудани муҳлати тақрибии сироят ёфтан низ имкон медиҳад. Дар мавриди аксуламали вассерман маводи ташхисӣ хунест, ки аз варид гирифта мешавад. Аксуламали Вассерман ҳамчунин имкон дорад, ки дар одамони гирифтори бемориҳои сил, сили пӯст, бемории хун, ҳомилагӣ низ ба таври мусбат падид ояд. Дар ин гуна ҳолатҳо аз дигар усулҳои ташхис (РПГА, ИФА, РИФ) истифода мебаранд. Феълан дар амал ба ҷойи аксуламали вассерман бештар аксуламали микропресипитатсия кор фармуда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.