Александр Попов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Попов
Таърихи таваллуд 4 (16) март 1859[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 декабр 1905 (13 январ 1906)[1] (46 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва метаматика[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order of Saint Anna, 2nd class Order of Saint Stanislaus, 2nd class ордени Аннаи Муқаддас, дараҷаи 3 Medal In memory of Alexander III
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Александр Степанович Попов (4 [16] март 1859[1], Krasnoturyinsk[d], Perm Governorate[d][1]31 декабр 1905 [13 январ 1906][1], Санкт-Петербург[2][1]) — физикдон, электротехник, профессори рус.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Александр Степанович Попов 16 марти соли 1859 дар деҳаи Туринские Рудникии вилояти Екатеринбург таваллуд шудааст.

Даврони бачагии Саша хуб гузаштааст. Дар оилаи калон ва тифоқ зиндагӣ кардааст. Падари ӯ, Степан Петрович, рӯҳонӣ буд; баъдтар ӯ барои ҳамаи хоҳишмандон «мактаби хонагӣ» кушод. Модари ӯ, Анна Степановна, ба корҳои мактабии шавҳараш ёрӣ мерасонд.

Вале дар ӯ шавқ ба техника аз кӯдакӣ мавҷуд буд. Замоне, ки писарбача 10 сола буд, шавҳари апаи калонияш ба ӯ касбҳои челонгариву тармимгариро омӯзонид. Ӯ дониш андӯхта, дар ҷӯйбори таҷҳизотеро сохт, ки он дар саноати кӯҳкорӣ истифода мешуд. Ҳамаи инро дида, падари ихтироъкори оянда ба хулосае омад, ки писарашро дар ин соҳа таълим диҳад.

Александрро барои таълим ба шаҳри Долматов, ки дар он ҷо бародари калонаш таҳсил мекард, равон карданд. Саша он қадар дарсхониро дӯст намедошт ва баъзан ба ҷои аз бар намудани мурудҳои динӣ ба конкибозӣ мерафт. Боре Саша занги электркӣ ва батареяи галваниро мебинад. Электротехники оянда то ба худаш ин гунна асбоб сохтан қарор нагирифт. Ӯ аз пораҳои симҳои кӯҳӣ ва метал, ки дар устохонаҳои конҳо бисёранд.

Соли 1870 Сашаи ёздаҳсола барои давом додани омӯзиш ба шаҳри Екатеринбург меравад ва дар хонаи хоҳараш истиқомат мекунад. Рӯз то рӯз ихтироъкор ба техника рағбати зиёдеро зоҳир мекард. 31 августи соли 1877 А. С. Попов ба факултаи физикаю математикаи университети Петербург дохил мешавад. Дар ин университет чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили Д. И. Менделеев, Ф. Ф. Петрушевский, П. П. Чебышев ва ғайраҳо дарс медоданд. Ректори университет олими машҳури соҳаи ботаника А. И. Бекетов буд, ки барои беҳтар кардани ҳаёти донишҷӯён мекӯшид. Солҳои аввали таҳсил дар университет барои Попов душвор буд. Александр, ки намехост бародараш ӯро таъмин намояд, дар нашриёте ба ӯ мадад мерасонид. Чанде пас Александр сахт бемор мешавад ва аз ин сабаб имтиҳони соли дуввумашро насупурда аз мактаб хориҷ мешавад. Баъд аз он Александр дар хонае алоҳида аз бародараш ҷой мегирад ва хона бо дарсдиҳӣ, ки касби аксари донишҷӯёни он замон буд, маоши зиндагии худро таъмин мекард. Соли 1880 Попов ба маҳфили «Электротехник» дохил мешавад. Дар давоми таҳсил дар университет А. С. Попов дониши зиёдеро меандӯзад ва бо олимони машҳури замон шинос мешавад ва хонадор мешавад. Муаллимии хона ба хона кори душвор буд ва бо он оиларо хӯрондаву пӯшонда намешуд. Маҳфили «Электротехник» низ танқисии молиявӣ мекашид ва дар охир соли 1883 он фаъолияташро қатъ кард. Ва дар ҳамин замон барои Попов имконияти кор дар мактаби Афсарони Минаҷӯй пайдо мешавад. Дар аввал Попов лаборант мешавад, ва чанде пас ӯ — ҳанӯз мутахассиси ҷавон — худаш ба таълим машғул мешавад.

Мактаби Афсарони Минаҷӯй соли 1870 ташкил шуда буд. Дар он афсарони минаҷӯй тайёр мекарданд. Устодони ин мактаб инчунин ба омӯзиши таҷҳизоти рӯшноидиҳанда машғул буданд. Дар ин ҷо чандин олимони машҳур кор мекарданд.

Соли 1887 Попов ба Красноярск дар ҳайати экспедитсия барои таҳқиқи гирифтани офтоби 7 августи соли 1887 меравад. Кор бе ҳеч душворӣ гузашт ва аз экспедитсия пас аз шаш моҳ баргашт. Соли 1884 писари аввалини Александр Степан, ва баъд аз се сол — писари дуюмаш, Александр ба дунё меояд. Соли 1889 ба А. С. Попов пешниҳод мекунанд, ки дар шаҳри Нижний Новгород мудири нерӯгоҳи барқӣ шавад ва ӯ розӣ мешавад.

Кори Попов шадид буд: аз октябр то май — таълимдиҳӣ дар Мактаби Минаҷӯӣ, тобистон — кор дар нерӯгоҳ. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ барои кори илмӣ вақт меёфт. Ӯ шабҳои дароз дар кабинети физика менишаст ва таҷрибаҳои гуногун мегузаронид.

Соли 1892 А. С. Попов ба намоишгоҳи бахшида ба 400-солагии кашф шудани Амрико аз тарафи Колумб ба Чикаго меравад. Ӯ дар ин ҷо бисёр саёҳат мекунад ва аз фарҳангу ҷамъияти хориҷиён ба ваҷд меояд.

Ихтироъи радио[вироиш | вироиши манбаъ]

Александр Степанович Попов механизмеро сохт, ки декогерерро, яъне асбоби барои қабули сигнали электромагнитиро ба кор медаровард.

Попов хеле кӯшиш мекард, ки масофаи қабулро афзояд. Барои ин ҳассосияти қабулкунакро зиёд кардан даркор буд. Олим чандин маводҳои гуногунро санҷида дид. Ва дар охир варианти оптималиро ёфт, ки он аз омехтаи чандин метал иборат буд. Шогирдон медиданд, ки чӣ тавр олими барҷаста кор мекард. Ӯ аз субҳи содиқ то шабона таҷрибаҳо мегузаронид. 7 майи соли 1895 А. С. Попов дар мавзӯи «Дар бораи муносибати хокаҳои металлӣ ба лаппишҳои электрикӣ» дар университети Петербург барои ҷамъияти физикону химиядонон маърӯза хонд. Маърӯзаи худро олим аз дур сар кард. Баъд ӯ таҷҳизоти худ қабулкунак ва интиқолдиҳандаро дар тахта фаҳмонд. Ва дар охир тарзи кори таҷҳизоташро дар амал нишон дод: дар аввал қабулкунакро нишон дод, ки дар рӯи миз буд ва интиқолдиҳанда дар назди девори синф ҷойгир буд. Ҳангоми пайваст кардани интиқолдиҳанда ба қабукунак овози занг баромад.

Баъди анҷом ёфтани ҷамъомад бисёри олимон ба назди Попов омаданд, вале ягон кас натавонист, ки аҳамияти онро дуруст боҳо диҳад.

24 марти соли 1896 муаллими Мактаби афсарони Минаҷӯй дар ҷаъмияти физикону химикони Русия бо маърӯзаи навбатии худ баромад кард. Дар ин рӯз ҷамъомадагон дар университети Маскав бори авал шоҳиди интиқоли радиограмма дар таърихи электротехника гардиданд. Матни он кӯтоҳ ва пурмаъно буд гуфт : «Генрих Гертс». Ҳамин тавр, физики рус эҳтиромашро ба ҳамкасби олмонияш изҳор намуд.

Тобистони соли 1896-ро Попов дар Нижний Новгород гузаронд. Машғулияти ӯ зиёд буд. Ӯ вақти мутолиаи маҷалла надошт. Рӯзе ба гӯши Попов мерасд, ки олими Итолиёвӣ Г. Марконӣ роҳи телеграфонии бе симро ёфтааст.

Аз ин хабар Попов хурсанд нашуд, вале ба ин нигоҳ накарда, кори худро давом дод. Ӯ ба масъалаи интиқоли сигнал дар масофа корро шурӯъ кард.

Баъдтар маълум шуд ки, Марконӣ дар асоси асарҳои Попов ва дигар олимон дар бораи телеграфии бе сим маълумот гирифтааст. Боз бояд онро қайд намуд, ки соли 1897 Попов барои рушди соҳаи телеграфии бе сим 900 рубл сарф кардааст, вале Марконӣ бошад 6000 рублро масраф кардааст.

Тобистони соли 1897 аввалин таҷрибаҳои радиоалоқа дар киштиҳои отряди Минаҷӯён гузаронида шуданд. Тамоми тобистон Попов дар беҳтарсозии ихтироъоташ кор кард. Ӯ инчунин чандин санҷишҳо гузаронид. Қисмҳои эҳтиётиро барои таҷҳизотҳояш Попов аз хориҷа дархост мекард.

Дар тобистони соли оянда ҳам Попов дар беҳтарсозии шабакаҳои худ кор кард ва ба натиҷаҳо ҳам ноил гардид: дурии радиоалоқа 36 км-ро ташкил медод.

Охири соли 1899 киштии «Генерал-адмирал Апраксин» дар яхҳо, дар наздикии ҷазираи Гогланд дар монд. Барои корҳои наҷотдиҳӣ ду киштиро равон карданд, вале онҳо ҳеч кор карда натавонистанд.

Барои кори муташаккилонаи онҳо алоқа лозим буд. Вале то онҷо кабел гузаронидан ғайри имкон буд. Он вақт ихтироъи Поповро дар хотир оварданд.

Дар муддати кӯтоҳ бо роҳбарии Попов дар Гогланд ва Котик ду радиошабака сохта шуд. Масофаи байни онҳо 47 км. Мардум бо хурсанди сигналҳои аз Котик равоншударо дар Гогланд қабул карданд. Ҳамон рӯз ҳаёти 50 нафар баҳрнаварди дар яхмонда наҷот дода шуд.

2 сентябри соли 1900 дар Кронштадт устохонаи радиосозӣ ба кор шурӯъ кард. Он аз рӯи лоиҳаҳои Попов радиошабака истеҳсол мекард. Солҳои охири ҳаёташ Попов дар инсититути электротехникӣ кор кард. Ӯ унвони проффесориро гирифта вазифаи ноиби раиси ҷамъияти физикону химикони Русро ба уҳда мегирад.

Беморӣ ва даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Вале саломатияш аллакай хуб набуд. Ӯ худро бад ҳис мекард. 31 декабри соли 1905 олим аз дунё чашм пӯшид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]