Алифбои бурида
Алифбои бурида — алифбои ҳаракаткунанда, асбоби аёнӣ барои таълими савод дар синфи як. Барои он алифбои бурида меноманд, ки ҳарфҳоро бурида, дар кисаи ҳарфҳо (ҳарфмонакҳо) ҷо ба ҷо мегузоранд. Талаба аз рӯйи супориши муаллим ҳарфҳои даркориро гирифта, калима тартиб медиҳад. Барои он ҳаракаткунанда меноманд, ки онҳоро аз як ҷо гирифта ба ҷойи дигар мегузоранд. Яъне, аввал як калимаро тартиб дода, пас аз он ҳарфҳоро аз нав гирифта калимаи дигар тартиб медиҳанд. Алифбои бурида аз маҷмӯи хоначаҳои чоргӯша иборат аст, ки дар ҳар яки он як ҳарф чоп карда шудааст. Ҳар ҳарф якчанд нусха дошта, аз онҳо дар давраи алифбоомӯзӣ истифода мебаранд. Аксарияти муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар нимсолаи дуюми таҳсил низ аз алифбои бурида истифода мекунанд. Алифбои бурида дар мавриди навишти ҳарфҳо, таҳлили таркиби калима, сохтану тағйир додани калима, ҳангоми тайёрӣ ба навиштан истифода мешавад. Алифбои бурида аз рӯйи ҳаҷми ҳарфҳо ду хел мешавад: 1) ҳарфҳои ҳаҷман калон барои мустақилона кор кардани муаллим бо тамоми синф; 2) ҳарфҳои ҳаҷман хурд, ки барои мустақилона кор кардани хонандагон пешбинӣ шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.