Алла

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Алла А. Бугро

.

Алла - суруди модар ба тифли дар гаҳвора. Алла ин орзуи модар ба тифл дар сари гаҳвора. "Аллагӯӣ низ, ба монанди қиссаву афсонагӯӣ ва достонсароӣ, як ҷузъе аз фарҳанги кӯҳани тоҷикон аст, ки роҳи тӯлонии таърихро тай кардаву албатта бо чандин дигаргуниҳо то ба замони муосир омада расидааст. Алла ҳамеша ҳамроҳи ҳодисоти давру замон ва таҷассумгари зиндагии одамон будааст. Ва дар аксар маворид мавзӯи меҳварии аллаи модарон сари гаҳвораи тифл, дарди ғарибӣ, дурӣ аз ёру диёр, дарди ишқи ноком будааст.[1]

Суруди «Алла»[вироиш]

Суруди «Алла»-ро дар Тоҷикистон ба шаклу мазмуни гуногун иҷро менамоянд, вале мақсади ҳамаи модарон як аст. Яъне тавассути суруди «Алла» орзуву омол, ғаму дард ва шодиву нишоти худро баён менамоянд.Дар олам модаре вуҷуд надорад, ки ояндаи дурахшони фарзандашро нахоҳад. Аз ин рў месазад, ки модар аз овони хурдӣ дар ниҳоди фарзанди худ тавассути хондани суруди «Алла», гуфтани афсонаҳои аҷоиб, тамошои китобҳои рангаву пурҷило меҳру муҳаббати ногусастаниеро нисбати модар, Ватан ва табиати афсункор бедор намоянд. Чуноне шоира Шаҳрия суруда:

Кабки мастам, аллаё,
Зеби дастам, аллаё.
Шири ман ошат шавад,
Ширмастам, аллаё.
Давлати дунё чӣ худ,
Меҳри ту хуш давлат аст.
Тифлакам гаҳвораат,
Ҳадяе аз қисмат аст.
Ту маро ягонаӣ,
Нахли пурҷавонаӣ.
Дар китоби шеъри ман,
Хуштарин таронаӣ.
Ноз-нозии манӣ,
Дилнавозии манӣ.
Кўдаки ҷону дилам,
Сарфарозии манӣ.
Кабки мастам, аллаё,
Зеби дастам, аллаё.
Шири ман ошат шавад,
Ширмастам, аллаё.

Баробари Шаҳрия Адҳамзод шоираҳои дигар низ суруди «Алла»-ро бо як муҳаббати беандоза ба қалам додаанд. Агар суруди аллаи Фарзона, Норинисо, Хосият Вализода, Меҳринисо, Маҳбуба Неъматзода ва Латофат Кенҷаеваро дилнишин гўем, суруди аллаи Субҳияи Зоҳид, Назокати Олим, Назокати Сафар, Гулшани Абдураҳмон, низ ширину гўшнавоз аст. Шоираи хушилҳоми мо Фарзона таманнову умедҳои ширини худро сари гаҳвораи тифлаш он қадар дилнавозу гўшнавоз сароида, ки аз маҳорати баланди шоирии ў дарак медиҳад:

Майдаяк

Пайрави борони баҳор ашки ту,
Абраки найсони ман, осуда шав.
Ҷумла хушиҳои ҷаҳон они ту,
Дарди ту дар ҷони ман, осуда шав.
Ту мани беоташи пажмурдаро
Завқи дигарбора шукуфтан бидеҳ,
Эй ҳаракоти ту хушу беназир,
Мижа зану чашм ба чашмам бинеҳ.
Бо туяму аз ҳама баркандаам,
Пои маро бастаи завлона кун.
Серам аз ин фитрату фарзонагӣ,
Ақли маро содаву тифлона кун.
Бар лаби ман хандаи маъсум бахш,
Шавқи ҷавон деҳ мани пирро.
Ҳарчӣ бихоҳӣ, бару танҳо бимон
Дар дили ман зарби дили шеърро.
Ҷумлаи гурдон натавонистаанд
Бар мани мағрур биёзанд даст.
Бод ҳалолаш, ки дар ин размгоҳ
Майдаяке ғолиби ман гаштааст.

Бо ҳама ин офаридаҳои ҷолибу дилнишин, гумон аст модареро пайдо кард, ки суруди «Алла»-ро надонаду сари гаҳвораи нахли умраш бо оҳанги ҳазин.[2]

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Радио Озодӣ 28.05.2009. "Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё... http://www.ozodi.org/content/article/1741672.html
  2. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. - Душанбе, 2013, - с. 3