Амирҷон Сабурӣ
Таърихи таваллуд | асри XX |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, овозхон |
Амирҷон Сабурӣ (форсӣ: امیر جان صبوری; зод. асри XX, Ҳирот) — овозхон, оҳангсоз ва таронасози аҳли Афғонистон аст.
Таронаҳои ӯ бештар ба забони форсии дарӣ аст. Вай дар Конодо сукунат доштааст ва акнун дар Узбакистон зиндагӣ мекунад[1].
Амирҷон Сабурӣ таснифҳои ағлаб оҳангҳояшро низ худаш сохтааст ва ҳамчунин таснифҳои бисёре аз оҳангҳоеро, ки барои дигарон сохта низ аз сурудаҳои худ ӯст[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асмирҷон Сабурӣ мутаваллиди шаҳристони Адраскани вилояти Ҳироти Афғонистон мебошад. Сабурӣ аз шонздаҳсолагӣ ба ҳунар овозхонӣ рӯй овард ва барои аввалин бор ҷашнвораи оҳангҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар Кобул оҳанге ба номи «Духтари ҳирӣ»-ро хонд, ки бо истиқболи зиёде рӯбарӯ шуд ва мақоми дувумро ба даст овард ва ӯ пас аз он ин оҳангро дар Родиюи Афғонистон забт кард.
Сабурӣ дар соли 1360 оркестри мусиқӣ ба номи «Гули сурх» ташкил дод, ки дар он ҳунармандоне чун Ваҷиҳа ва Фарид Растгор, Ҳафиз Висол, Маҳмуд Комин, Кабир Матин, Шариф Соҳил, Наим ва дигарон бо ӯ буданд.
Амирҷон Сабурӣ дар кори худ як вақфаи тӯлонӣ дошт, аммо дар соли 2005 ба олбуми «Зиндагӣ ҳамин аст» бозгашт. Дар бораи ӯ мустанаде ба номи «Хоби талоӣ» вуҷуд дорад[3].
Амирҷон Сабурӣ дар сол 1976 издивоҷ намуда ва се писар ба номҳои Алӣ Сино, Илёс ва Аҷмал ва як духтар дорад.[6] Сабурӣ пас аз шонздаҳ соли зиндагӣ дар хориҷ аз кишвар, сафарҳое ба Афғонистон доштааст.
Оҳангшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Албуми «Зиндагӣ ҳамин аст»[4]:
- Зиндагӣ ҳамин аст
- Шаби ялдо
- Кӯҳ ба кӯҳ намерасад
- Нуқл ва сандалӣ
- Аввали ишқ
- Ҳавои ёр
- Остини куҳна
- Баргардам ба Ҳирот
- Шаҳр холӣ
- Дили ту аз мо хабар надорад
- Ҷудоӣ
- Албуми дуюм
- Қафасҳои тилоӣ
- Дигар сурудҳо
- Шаҳри хуршед
- Ҳомӣ
- Сикаи тило
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ رادیو دری ایران Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2011 сол.، بازدید: اوت ۲۰۱۱.
- ↑ BBC فارسی - افغانستان - امیرجان صبوری مهمان استدیوی شماره هفت(форсӣ). www.bbc.com. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ "سیبی از بهشت" در روزگار دوزخی – DW – ۱۳۸۹/۳/۲۷(форсӣ). dw.com. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ IranSong Бойгонӣ шудааст 31 октябри 2010 сол. بازدید: اوت ۲۰۱۱.