Амрикои Шимолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амрикои Шимолӣ
?
Парвандаҳо дар Викианбор

Амрикои Шимолӣ — материк дар Нимкураи Ғарбӣ, бо Амрикои Ҷанубӣ қитъаи Амрикоро ташкил мекунад.

Дар қисмати шимолии қитъаи Амрико, байни Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Атлантик ҷойгир шудааст. Масоҳати Амрикои Шимолӣ 20,36 млн км², бо ҷазираҳояш 24,25 млн км². Сарҳади онро дар Ҷануб канали Панама ва дар Ғарб гулӯгоҳи Беринг аз қитъаи Осиё ҷудо мекунанд. Нуқтаҳои интиҳоии Амрикои Шимолӣ дар Шимол димоғаи Мерҷисон, дар Ғарб димоғаи Шоҳзода Уэлс, дар Шарқ димоғаи Сент-Чарлз мебошанд. Ҷазираҳои калонтаринаш: Гренландия, галаҷаз. Арктикии Канада, Вест-Индия ва дар соҳилҳои ғарбии материк ҷазираҳои Алеут, галаҷазираҳои Александр, ҷазираҳои Малика Шарлотта, Ванкувер ва ғайра Нимҷазираҳои калонтарин: дар Шимол Бутия, Мелвилл, дар Ш. Лабрадор, Флорида, Юкатан, дар Ғарби Калифорния, Аляска, Сюард. Соҳилҳои материкро аз чор тараф обҳои уқёнусҳои Ором (Баҳри Беринг), Атлантик (Баҳри Кариб, Саргасс, халиҷи Мексика), Яхбастаи Шимолӣ (Баҳри Бофорт, Баффин, Чукот) иҳота намудаанд.

Релйеф[вироиш | вироиши манбаъ]

Релйефи сатҳи материк якхела нест: қисми ғарбии онро системаи кӯҳии Кордилйера, шарқиашро ҳамвориҳои фарох ва кӯҳҳои паст фаро гирифтаанд. Баландии сатҳи қисми ғарбии материк аз сатҳи баҳр ба ҳисоби миёна қариб 1700 м, қисми шарқиаш қариб 200—300 м. Дар қисмҳои марказӣ ва шарқии материк бинобар бештар дучор шудани сохти платформагӣ паҳнкӯҳ ва ҳамвориҳои калон ба вуҷуд омадаанд. Дар Шимол ва Шимоли Шарқ (асосан Канада) баландии Лаврентий воқеъ аст. Дар ҷанубтари он ҳамвориҳои Марказӣ (дар ҳудуди ИМА) ҷойгир шудаанд. Дар Ғарб онҳо торафт баланд гардида (500—1500 м), Ҳамвориҳои Бузург — доманаи кӯҳҳои Кордилйераро ташкил медиҳанд. Дар шимолӣ Ҳамвориҳои Бузург пастии Макензӣ ҷойгир аст. Ҳамвориҳои Бузургро аз Шарқ кӯҳҳои Аппалачӣ фаро гирифтаанд. Барои қисмҳои шарқии галаҷазира Арктикии Канада ва соҳилҳои Гренландия релйефи кӯҳӣ хос аст. Дар шимолӣ материк шароити иқлимӣ ба яхпӯш гардидани майдонҳои васеи кӯҳӣ мусоидат кардааст. Дар самти ғарбӣ кӯҳҳо тадриҷан паст ва ба пуштакӯҳу пастиҳо иваз мешаванд. Дар канори ҷан. шарқии материк пастиҳои наздисоҳилӣ воқеъ гардидаанд. Дар қисми ғарбии материк қаторкӯҳҳои Кордилйера аз Шимол ба Ҷануб дар масофаи 7 ҳазор км тӯл кашидаанд. Дар ин кӯҳҳо вулқонҳои амалкунандаи Орисаба ва Катмай тайи чанд лаҳза ба хурӯш меоянд. Қисми марказии ин қаторкӯҳ ба водиҳои танги чуқури тектоникӣ, ба мисли Водии Марг, ки аз сатҳи баҳр 85 м паст аст, тақсим шудааст. Дар тарафи ҷануби қаторкӯҳ водиҳои байникӯҳӣ дучор меоянд, ки калонтарини онҳо пастхамиҳои Калифорния, Уилламет мебошанд. Дар ин мавзеъ халиҷҳои Пюҷет-Саунд ва Калифорния низ пайдо шудаанд. Қисми шимолӣ шарқии материкро қаторкӯҳҳои Аляска ишғол намудаанд, ки кӯҳи Мак-Кинлии он баландтарин нуқтаи (6193 м) Амрикои Шимолӣ мебошад.

Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди материки Амрикои Шимолӣ платформаест, ки таҳкурсиашро ҷинсҳои кристаллии давраи токембрий ташкил медиҳанд. Дар Шимоли Шарқӣ таҳкурсӣ ҳамчун сипари кристаллии Канада зоҳир мегардад. Дар ҷанубӣ Кӯлҳои Бузург таҳкурсии токембрий чуқур рафта, бо таҳнишастҳои баҳрии палеозой ва континентии мезозой ва кайнозой пӯшида шудааст. Дар шарқи платформаи Амрикои Шимолӣ сохти палеозойии кӯҳҳои Аппалачӣ тӯл кашидаанд, ки онҳо дар давраҳои чиндоршавии каледонӣ ва герсинӣ ба вуҷуд омадаанд. Сохти чиндории синнашон мезокайнозойии кӯҳҳои Кордилйера дар давраҳои чиндоршавии невадаӣ (минтақаи марказӣ), ларамӣ (минтақаи шарқӣ) ва алпӣ (минтақаи соҳили Уқёнуси Ором) ба вуҷуд омадааст. Равиши пайдоиши кӯҳҳо дар Аляска ва Амрикои Марказӣ (қисми ҷанубии Амрикои Шимолӣ) ҳанӯз давом дорад. Амрикои Шимолӣ аз сарватҳои зеризаминӣ ниҳоят бой аст. Дар қисмати шимолӣ ва соҳилии материк захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Конҳои калонтарини ангиштсанг дар кӯҳҳои Аппалачӣ ва Кордилйера, захираҳои нефту газ бошанд, дар қисмати соҳилӣ, дар халиҷи Мексика, Аляска ва ноҳияҳои Марказ ҷойгир шудаанд. Дар мавзеъҳои номбурда истихроҷу коркарди захираҳои сӯзишворӣ босуръат идома дорад. Махсусан, дар халиҷи Мексика на танҳо аз соҳил, балки аз қаъри халиҷ низ нефт истихроҷ мекунанд. Конҳои нефту газ дар Аляска, қисми арктикии Канада низ ҷойгиранд. Конҳои оҳан, никел, тило, уран, мис ва металлҳои нодир дар нимҷаз. Лабрадор, мавзеъҳои Кӯли Болоӣ паҳн гардидаанд. Дар нимҷаз. Флорида ва кӯҳҳои Кордилйера конҳои калони фосфорит, сулфур, намакҳои калий ва металлҳои ранга кашф шудаанд.

Иқлими қисми зиёди Амрикои Ҷанубӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлими Амрикои Шимолӣ бинобар масоҳати бузургаш ва сатҳи ҷойгиршавии материк гуногун аст. Дар ин ҷо халиҷҳои Мексика ва Гудзон гардиши анбӯҳи ҳаворо ба таври меридианӣ муайян мекунанд. Вобаста ба тағйирёбии иқлим Амрикои Шимолӣ дар 6 минтақаи арзии иқлимӣ ҷойгир аст: арктикӣ, субарктикӣ, мӯътадил, субтропикӣ, тропикӣ ва субэкваторӣ. Қисми зиёди масоҳаташ он зери таъсири интиқоли ҳавои ғарбӣ мондааст, ки обу ҳавои сиклонӣ ва ҳарорати якбора тағйирёбанда дорад. Дар минтақаи арктикӣ иқлим қаҳратун, дарозмуддат буда, шабҳои қутбӣ ҳукмронанд. Тобистонаш кӯтоҳ (ҳарораташ 5°С) аст. Нишебаҳои ғарбии кӯҳҳои Кордилйера таъсири анбӯҳи ҳавои Уқёнуси Оромро маҳдуд месозанд. Ҳарорати миёнаи январ аз — 36°С то 20°С тағйир меёбад. Ҳарор. пасттарин дар Аляска (- 64°С) ва Гренландия (- 70°С) мушоҳида шудааст. Ҳарорати миёнаи июл аз 4°С то 32°С мебошад. Ҳарор. баландтаринро дар Водии Марг (57°С) қайд кардаанд. Боришоти солона дар ҷанубӣ шарқи Аляска, соҳилҳои ғарбии Канада ва шимолӣ ғарби ИМА ба 2000 — 3000 мм (дар баъзе ҷойҳо то 6000 мм); дар ҷанубӣ шарқи ИМА ба 1500 мм, дар ноҳияҳои марказӣ ва шимолӣ шарқӣ то 100 мм, дар Ҳамвориҳои Бузург то 600 мм, дар ноҳияҳои дохили кӯҳҳои Кордилйера то 100 мм ва аз ин ҳам кам мерасад. Дар шимолӣ ғарбӣ ва шимолӣ шарқии материк қабати устувори барф то ба 1 м мерасад.

Хок ва олами наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Хок ва олами набототи Амрикои Шимолӣ гуногун аст; дар шарқи материк як қатор минтақаҳои арзӣ ва дар ноҳияи кӯҳсори Кордилйера якчанд минтақаҳои баландкӯҳ мавҷуданд. Қисми шимолии материкро минтақаи биёбони арктикӣ фаро гирифта, каму беш бо ушна пӯшида шудааст ва заминаш санглох мебошад. Ҷанубтар минтақаи тундра воқеъ гардидааст, ки қисми ҷанубии галаҷаз. Арктикии Канада ва соҳилҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо ушнаю гулсанг, рустаниҳои буттагӣ, паканатӯс, бед ва ғайра мерӯянд. Боз ҳам ҷанубтар, аз доманаҳои кӯҳҳои Кордилйера то соҳилҳои Уқёнуси Атлантик, минтақаҳои бешатундра ва тайга тӯл кашидаанд. Аз наботот ба тариқи пароканда арча, коҷи баргрез, инчунин пихтаи балзамӣ, ширбини америкоӣ, тӯс ва сафедор мерӯянд. Хокаш бештар хокистарии яхбаста аст. Минтақаи тайгаи Амрикои Шимолӣ нисбат ба қисми аврупоӣ ва осиёӣ бойтар аст. Дар баробари намудҳои арча (сафед ва сиёҳ) рустаниҳои сӯзанбарг, тӯс, сафедор ва дарахтони калони секвойя (то 80 — 100 м баланд мешавад) дучор меоянд. Намудҳои бойи набототро бештар дар соҳили Уқёнуси Ором дидан мумкин аст. Дар бешаҳои паҳнбарг бештар булут, липа, бук, дарахти лолагул, магнолияи баргрез ва ғайра вомехӯранд. Дар ҷангалҳои муссонӣ дарахтони баргрезу ҳамешасабз — санавбар, нахл, сарви ботлоқӣ, ликвидамбр ва нисса мерӯянд. Бешаҳои тропикӣ бештар аз дарахтони нахл иборатанд. Хоки минтақаи бешазор хокистарию сиёҳтоб ва сиёҳтоби бешагӣ, зарду сурхи субтропикӣ, латеритии зарди сурхтоби тропикӣ аст. Дар Ғарб минтақаи бешазор ба минтақаи бешадашт ва дашти сералафи прерияҳо (минтақаҳои байни бешаву дашт), ки хоки онҳо сиёҳтоб ва сиёҳи марғзорӣ аст, табдил ёфта, тадриҷан ба минтақаи даштҳои муқаррарӣ ва хушки хокаш сиёҳтобу хурмоӣ мегузарад. Олами набототу ҳайвоноти ин ҷоро инсон бо фаъолияти худ хеле тағйир додааст. Кӯҳҳои Кордилйера ба минтақаҳои зерин тақсим мешаванд: минтақаи бешазори тайгаи кӯҳӣ ва бешазори тунук, инчунин тундраи кӯҳӣ дар Аляска ва Канадаи Шимолӣ; минтақаи бешазори дарахтони ғафстанаи кӯҳӣ, бешазори субалпӣ ва марғзори алпӣ дар сарҳади ИМА ва Канада; минтақаи даштҳои доманакӯҳ, бешазори сираки санавбари кӯҳӣ ва буттаҳои дуруштбарг, бешазори субалпӣ дар қуллаи кӯҳҳои ҷан. ғарби ИМА ва Мексика; минтақаи бешаҳои омехта ва ҳамешасабзи тропикии кӯҳӣ дар ҷан. Мексика ва Амрикои Марказӣ. Дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист қонунҳои қотеъ бароварда шудаанд ва хуб риоя мегарданд.

Обҳои дохилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди дарёҳои Амрикои Шимолӣ ба ҳавзаи Уқёнуси Атлантик ва Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дохил мешаванд. Манбаи асосии дарёҳо борону барф ва пиряхҳо мебошанд. Аз сатҳи материк ҳар сол 8200 км3 об ҷорӣ гардида, он 18 фоизи захираи оби ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дарёи аз ҳама сероб ва дарозтарин Миссисипи ба забони ҳиндиҳои маҳаллӣ «Падари об» ном дорад. Зиёда аз 1/3 қисми масоҳати материкро ҳавзаи ин дарё бо шохобҳояш Миссурӣ ва Огайо (6420 км) ишғол намудаанд. Манбаи асосии Миссисипӣ ва Миссурӣ борон буда, аз Ҳамвориҳои Марказӣ ва Бузург ҷорӣ шуда ба халиҷи Мексика мерезад. Ба ҳавзаи Уқёнуси Ором дарёҳои Колумбия, Колорадо, Юкон, Фрейзер, Скина дохил мешаванд. Дарёи Колумбия дар ин ҳавза яке аз серобтарин буда, захираи бузурги энергетикиро (иқтидори он 40 млн кВт ё 22%-и захираи нерӯи барқи обии ИМА ва Канада) соҳиб аст. Ба ҳавзаи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дарёҳои Макензӣ, Черчилл, Нелсон, Гамилтон ва ғайра дохиланд. Калонтарини он Макензӣ буда, соле ба уқёнус 310 км3 об медиҳад. Дар ҳавзаи дарёи Макензӣ кӯли калони Неволничя, кӯлҳои Хирси Калон ва Атабаска ҷойгир шудаанд. Дар Амрикои Шимолӣ мавқеи муҳими гидрографиро кӯлҳо ишғол кардаанд. Масоҳати умумии ин кӯлҳо 246,5 км² аст. Калонтарини онҳо кӯли Болоӣ (400 м чуқурӣ дорад) мебошад, ки баъди Баҳри Кас-пий аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон ҷойи дуюмро мегирад. Дар ин ҷо кӯлҳои Мичиган, Гурон, Онтарио, Эрӣ ва ғайра низ ҷойгиранд. Дарёи пуроби Лаврентийи Муқаддас аз ин кӯлҳо сарчашмаи гирифта, ба Уқёнуси Атлантик мерезад. Дар Амрикои Шимолӣ яхбандии доимӣ бештар аз 2 млн км² масоҳатро фаро гирифтааст. Қабати ғафси яхи Гренландия (ғафсиаш ба ҳисоби миёна зиёда аз 2000 м), ки аз чор се ҳиссаи ҷазираро пӯшидааст, боқимондаи яхбандии материкии охири давраи чорумин мебошад. Пиряхҳои калони кӯҳӣ ва теппаҳои яхин дар галаҷаз. Арктикии Канада мавҷуданд. Масоҳати яхбандии ҷанубӣ Аляска низ калон аст. Пиряхҳои доманаи кӯҳҳо, пиряхҳои алоҳида ва майдонҳои яхпӯшро дар қаторкӯҳҳои Кордилйераи Канада, ИМА ва Мексика дидан мумкин аст.

Олами ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами ҳайвоноти Амрикои Шимолӣ ба олами ҳайвоноти Осиё ва Европа монанд аст (хирси сафед, гавазни шимолӣ, гург, рӯбоҳ, харгӯш, қоқум, рӯбоҳи шимолӣ, санҷоб). Дар минтақаҳои тундра ва бешазор намудҳои эндемӣ — барзагови мушкин, гавазни америкоӣ, силовсини канадаӣ, сӯзанпашм (ҷайраи дарахтгард) вомехӯранд. Дар бешаҳои паҳнбарг ва субтропикӣ гавазни виргиниягӣ, хирси барибал, қашқалдоқи америкоӣ, тӯтии каролинӣ, чилмангӯштак; дар дашту прерияҳо хояндаҳо (харгӯш, юрмон, мушу калламушҳо); дар бешаҳои кӯҳҳои Кордилйера гӯсфанди ғафсшох, хирси гриэлӣ, пума, дар дашту биёбони паҳнкӯҳҳо бузи ваҳшӣ ва хазандаҳои гуногун, аз ҷумла шақшақамор ва калтакалоси заҳрнок — гелодерма бисёранд. Дар Миссисипӣ аллигатор, дар Флорида тимсоҳ вомехӯрад.

Ноҳияҳои табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вобаста ба мавқеи географӣ ва шароити табиӣ ҳудуди Амрикои Шимолиро ба 7 ноҳияи калони табиӣ ҷудо мекунанд:

  • 1) Ноҳияи арктикӣ;
  • 2) Баландиҳои Лаврентий;
  • 3) Ҳамвории Марказӣ;
  • 4) Водии дарёи Макензӣ;
  • 5) Ҳамвории Бузург;
  • 6) Пастиҳои соҳили халиҷи Мексика ва соҳили атлантикии ҳудуди ИМА;
  • 7) Ноҳияи кӯҳҳои Аппалачӣ.
  • Дар навбати худ кӯҳҳои Кордилйера чунин минтақабандӣ шудаанд:
  • 1) Кордилйераи Шимолӣ ё Кордилйераи Аляска;
  • 2) Кордилйераи Канада;
  • 3) Кордилйераи Ҷанубӣ ё Кордилйераи ИМА;
  • 4) Кӯҳсори Мексика ва нимҷаз. Калифорния;
  • 5) Ноҳияи Амрикои Марказӣ.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Амрикои Шимолӣ аз қадим қабилаҳои ҳиндиҳо ва эскимосҳо зиндагӣ мекарданд, ки ба тоифаи махсуси муғулнажод — шохаи америкоии нажоди муғул мансубанд. Ҳиндиёни Амрико — қабилаи астекҳо ва майя дар Амрикои Шимолӣ то омадани европоиҳо давлати худро доштанд, бо фаъолияти хоҷагидорӣ машғул буданд. Онҳо асосан дар Мексикаи Шимолӣ маскун буда, ҳоло теъдодашон дар тамоми Амрикои Шимолӣ тақрибан 15 млн мебошад. Дар садаи XVI ба ин ҷо муҳоҷирати Авропоиҳо: англисҳо, испаниягиҳо, франсавиён, голландиҳо, шведҳо ва ғайра сар шуд. Дар натиҷаи омезиши миллатҳои америкоию англису канадагиҳо, франсавиёну канадагиҳо, мексикоиҳо ба вуҷуд омаданд. Омезиши ҳиндягиҳою муҳоҷирон боиси пайдоиши чандин гурӯҳҳои омехтанажод гардид. Қисми аҳолии Амрикои Шимолиро зангиҳо (бештар аз 200 млн нафар) ташкил медиҳанд. Онҳоро асрҳои 17 — 18 ба ин ҷо барои кор дар плантатсияҳо аз Африка оварда буданд. Шумораи умумии аҳолии Амрикои Шимолӣ 529 млн нафар (2018).

Тақсимоти сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди материки Амрикои Шимолӣ давлатҳои ИМА, Канада, Мексика, мулки Дания — Гренландия, мулки Франсия — ҷазираҳои Сен-Пйер ва Микилон; дар Амрикои Марказӣ: Гватемала, Салвадор, Гондурас, Белиз, Коста-Рика, Никарагуа, Панама; дар ҷазираҳои Вест-Индия: Иттиҳоди ҷазираҳои Бағам, Барбадос, Гаитӣ, Гренада, Ҷумҳурии Доминикана, Ямайка, Тринидад ва Тобаго, инчунин як қатор мулкҳои Британияи Кабир, Нидерланд, Франсия ва ИМА ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи инқилоби халқӣ дар Амрикои Шимолӣ нахустин давлати сотсиалистӣ — Республикаи Куба барпо шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]