Анадир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Анадир
чук. Кагыргын
Парчам Нишон
Парчам Нишон
64°44′ с. ш. 177°31′ в. д.HGЯO
Кишвар  Русия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1889
Масоҳат
  • 53 км²
Баландии марказ 35 м
Минтақаи замонӣ UTC+12:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ ана́дырцы, ана́дырец
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 42722
Нишонаи почта 689000

novomariinsk.ru
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Анадир дар харитаи
Анадир
Анадир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Анадир (русӣ: Ана́дырь, чук. Кагыргын (чукчиҳои ҷанубӣ ва поёнӣ), Въэӈын (чукчиҳои шимолӣ)[3]) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка. Дар соҳили халиҷи Анадири Баҳри Беринг ҷойгир шудааст (бандари Анадир). Аҳолиаш 11777 нафар (2010).

Маъмурият[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1932-1980 маркази Округи миллии Чукотка, 1980–1991 маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка, аз соли 1992 – маркази маъмурӣ ва пойтахти Округи худмухтори Чукотка. Бо Петропавловски Камчатка, Владивосток, Магадан, Находка алоқаи баҳрӣ ва бо шаҳрҳои Москва, Владивосток, Хабаровск алоқаи ҳавоӣ дорад. Дар Анадир мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти иҷроия, Дастгоҳи нозироти федералии Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Русия дар Округи федералии Шарқи Дур, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи округи маҳаллӣ ва федералӣ ҷойгиранд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Анадир заводи коркарди моҳӣ, маркази гармидиҳӣ, қубури интиқоли газ дорад. Дар атрофи Анадир тило ва ангишт истихроҷ мекунанд, гавазнпарварӣ, моҳидорӣ ва шикор тараққӣ кардааст. Дорои Осорхонаи кишваршиносии округӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]