Анвар Тӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Тӯраев
Анвар Бурҳонович Тӯраев
Таърихи таваллуд: 21 июн 1934(1934-06-21) (89 сол)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпеша
IMDb: ID 0876864

Анвар Бурҳонович Тӯраев - коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм». Ходими хизматнишододаи санъати Тоҷикистон (1989). Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (1991-1996).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Анвар Тӯраев 21 июни 1934, гузари Гӯри мири шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, Фарзанди Бурҳон Тӯраев. Дастпарвари мактаби миёнаи № 8 ш.Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1952). Омӯзишгоҳи Шепкини Москваро хатм кардааст (1958). Ҳунарпешаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1958-1963), муҳарири шуъбаи кинохроникаи “Тоҷикфилм” (1963-1970). Солҳои 1964-1970 дар Институти умумиитифокии давлатии кинематография (ВГИК, Москва) дар сабақхонаи М.И. Ромм таҳсил кардааст. Солҳои 1970 – 1990 коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм». Солҳои 1981-1986 котиб ва 1991 -1996 Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд Соли 1994 ба ш. Алма-Ато кӯчидааст.[1][2].

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синамо дар якчанд филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамчун ҳунарпешаи синамо нақш офаридааст. Коргардони филмҳои бадеии

  • “Духтари сеюм” (соли 1970) (дар заминаи қиссаи ҳамноми Фотеҳ Ниёзӣ),
  • “Ишқи аввалини Насриддин” (соли 1977) (дар заминаи қиссаи ҳамноми Темур Зулфиқоров),
  • “Гузаштаатро фол бин”,
  • “Ман писанди ӯ”,
  • “Ҳамла”,
  • “Дарди ишқ” (соли 1989),
  • “Тӯҳмат” ва диг.

ва филмҳои телевизионии

  • “Истгоҳи кӯҳистон”,
  • “Ҳабиб – афсунгари морон” ва ғ.[3][4]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард(тоҷ.). www.ozodi.org. 8 Январ 2020 санҷида шуд.
  2. Сомонаи «Тоҷикфилм»(тоҷ.). www. tojikfilm.tj. Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард. 8 Январ 2020 санҷида шуд.
  3. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.134.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
  4. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — 396 с. — С. 208-2009. (рус.) ISBN 978-99947-919-4-1.