Jump to content

Дастгоҳи филмбардорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аппарати киногирӣ)
Аператори синамо бо дастгоҳи кинокамераи ҳирфаӣ

Дастгоҳи филмбардорӣ, аппарати киногирӣ, киноаппарат, кинокамера — асбоби оптикию механикии банаворгирии (дар фосилаи якхелаи вақт) як қатор аксҳои пайдарпайи объекти аксбардорӣ (кинокадрҳо, одатан, 24 кадр дар як с), ки барои офаридани кинофилм истифода мешаванд.

Навъҳои аппарати киногирӣ барои ба навори 70 мм бардоштани филмҳои васеъформат, ба навори 35 мм бардоштани филмҳои васеъэкран, ба навори 16 мм бардоштани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳаваскорӣ ва ба навори 8 мм ва 2 × 8 мм аксбардорӣ намудани филмҳои таълимӣ ва ҳавасӣ таъйин шудааст. Аппарати киногирӣ аз олоти суратгирие иборат аст, ки бо механизми автоматии лентакаш муҷаҳҳаз шудааст.

Қисми оптикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми оптикии аппарати киногириро объектив (барои дар қабати рӯшноиҳассоси навор пайдо кардани тасвири объект) ва системаи визирӣ (барои мушоҳидаи объект ва ҷустуҷӯи мавқеи дурусти аппарати киногирӣ нисбат ба объект) ташкил медиҳад.

Қисми механикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми механикии аппарати киногирӣ аз механизми лентакаш (ҳаракати наворро аз кассетаи пур ба кассетаи холӣ таъмин менамояд) ва механизми ҳаракатовар, ки ҳаракати фосиланоки наворро таъмин мекунад, инчунин аз обтюратор иборат аст. Ҳар як аппарати киногирӣ бо олоти ёрирасон, аз ҷумла сарлӯлаи наворгирии филмҳои васеъэкран, филтрҳои рӯшноӣ, нишондиҳандаи метрии навор, тахометр ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад. Аз рӯи таъйинот аппарати киногирӣ панҷ хел мешаванд: синхронӣ, ҳуҷҷатӣ, дастӣ, махсус ва ҳавасӣ. То пайдо шудани видеокамераҳо аппарати киногирӣ ягона воситае буд барои аксбардории филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ. Баробари ба вуҷуд омадани техникаи видеонаворгирии рақамӣ, ки махсус барои аксбардории касбии филмҳо пешбинӣ шудаанд, аппарати киногирӣ аз истифода мондааст.