Аръар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ар-ар)
Аръар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Populus nigra var. italica Münchh., 1770
Мутародифот
Populus nigra f. pyramidalis (Rozier) Delaunay, 2015

Аръáр, ар-ар, тирак[2] (лот. Pópulus nígra var. itálica, ё Populus nigra f. pyramidális) — дарахтест росту баланд аз ҷинси сафедор. Аръари худрӯй дар Осиёи Марказӣ дучор мешавад.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аръар дарахти зудсабз буда, 40 — 45 м (баъзан зиёдтар) қад мекашад; қутраш то 2 метр, аҳромшакл. Муғҷааш хушбӯй. Барги аръари одӣ (дарозиаш 8 — 10 см, бараш 6 — 7 см), думчадор, шаклан гуногун аст. Пеш аз баромадани барг ё ҳамроҳи он гул мекунад. Аръар дарахти рӯшноипарвар ва намидӯст аст. Ба хокҳои шӯр ва ҳавои гарм тобовар буда, навдаҳои наврустааш аз сармои бармаҳал зарар мебинанд.

‌Корбурдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Онро аз замонҳои қадим барои муҳофизати киштзору соҳил ва чун дарахти ороишӣ қад-қади роҳ, наҳру дарё, ҷӯйҳо, дар боғ, кӯчабоғу гулбоғҳо мешинонанд. Чӯби аръар дар сохтмону наҷҷорӣ истифода мешавад. Аръарро дар аввали баҳор асосан бо қаламча зиёд мекунанд.

Синонимҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Populus basiattenuata Dode, 1905
  • Populus dilatata Aiton, 1789
  • Populus fastigiata Foug., 1787
  • Populus italica (Münchh.) Moench, 1772
  • Populus nigra f. pyramidalis (Rozier) Delaunay, 2015
  • Populus nigra subsp. pyramidalis (Rozier) Čelak., 1871
  • Populus nigra var. elegans L.H.Bailey, 1894
  • Populus pyramidalis Rozier, 1785
  • Populus pyramidata Moench, 1794
  • Populus scythica Dode, 1905

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Тирак чист? Маънои вожаи тирак(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 27 май 2019 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]