Артикл

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Артикл (забони фаронсавӣ - article; аз забони лотинӣ articulus - ҷузъ, узв), калима ё ҳиссаҳои ёридиҳандае, ки бо исм омада, гурӯҳҳои грамматикии муайянию номуайяӣ, ҷинсият, шумора ва маъноҳои гуногунро ифода мекунад. Ду навъ аст: Артикли препозитивӣ (дар забонҳои англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсави ва ғайраҳо) пеш аз исм ва Артикли постпозитивӣ (дар забонҳои руминӣ, булғорӣ, албанӣ, забонҳои скандинавӣ ва ғайраҳо) баъди исм меоянд. Артикл дар баъзе забонҳо (англисӣ) тағйир наёфта, дар забонҳои дигар (романӣ, олмонӣ) мувофиқи ҷинсу шумора ва падежҳо (олмонӣ) тасриф мешаванд. Артикл дар ҳмаи забонҳои германӣ, романӣ, сомӣ, юнонӣ, маҷористонӣ ва ғайраҳо мавҷуд аст. Дар забони тоҷикӣ суффикси номуайянӣи - е (ё-и ваҳдат)-ро баъзе забоншиносон Артикл номидаанд.