Асроров Саидаҳмад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСРÓРОВ Саидаҳмад (24.04.1937, деҳаи Хоҷа Исҳоқи ноҳияи Кӯлоб – 01.03.2001, ҳамон ҷо), байтор, пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1975), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1979). Хатмкардаи техникуми байтории ш. Хуҷанд (1966). Солҳои 1966–71 ҳисобгар, мудири фермаи чорводории хоҷагии «Ленинград», 1971–89 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1990–2001 мудири анбори ин хоҷагии Ноҳияи Кӯлоб. Бригадаи Асроров ба рӯёндани ҳосили фаровони пахта муваффақ шудааст. Бо орденҳои Ленин, «Нишони Фахрӣ», Байрақи Сурхи Меҳнат, Револютсияи Октябр, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]