Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо (АПША) (англ. Parliamentary Assembly of the Council of Europe (PACE)) - яке аз ду органи низомномавии Шӯрои Аврупо (дар баробари Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо), мақоми машваратӣ, ки 5 майи 1949 таъсис ёфтааст ва аз намояндагони парламенти ҳамаи давлатҳои узв (47 узв) иборат мебошад. АПША (PACE) куҳнатарин органи ҳамкории бай ни парламентӣ дар Аврупост. Дар АПША (PACE) панҷ давлати абарқудрат 18-тоӣ узв ва давлатҳои хурд 2-тоӣ узв доранд. Узви Ассамблея бояд ҳама ҳизбҳои сиёсии парламенти давлати худро намояндагӣ кунад. АПША ҳамагӣ 318 нафар узв (ва ҳар кадоми он яктоӣ муовин) дорад. Дар ҷаласаҳои АПША (PACE) инчунин 18 мушоҳид аз парламентҳои Канада, Мексика ва Исроил ширкат мекунанд. Чунин ҳуқуқро инчунин 2 намояндаи ҷамъияти туркҳои Кипр доро ҳастанд.

Давлатҳои узви Шӯрои Аврупо[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатҳои узви Шӯрои Аврупо ва намояндагони онҳо дар Ассамблеяи парламентӣ чунинанд:

  1. Австрия (6),
  2. Албания (4),
  3. Андорра (2),
  4. Арманистон (4),
  5. Белгия (7),
  6. Булғория (6),
  7. Босния ва Ҳерсеговина (5),
  8. Венгрия (7),
  9. Олмон (18),
  10. Гурҷистон (7),
  11. Дания (5),
  12. Ирландия (4),
  13. Исландия (3),
  14. Испания (12),
  15. Итолиё (18),
  16. Кипр (3),
  17. Латвия (3),
  18. Литва (4),
  19. Лихтенштейн (2),
  20. Люксембург (3),
  21. Мақдунияи Шимолӣ (3),
  22. Малта (3),
  23. Молдова (5),
  24. Монако (2),
  25. Нидерланд (7),
  26. Норвегия (5),
  27. Озарбойҷон (6),
  28. * Полша (12),
  29. * Португалия (7),
  30. * Россия (18),
  31. * Руминия (10),
  32. * Сан-Марино (2),
  33. * Сербия (7),
  34. * Словакия (5),
  35. * Словения (3),
  36. * Туркия (12),
  37. * Украина (12),
  38. * Финляндия (5),
  39. * Фаронса (18),
  40. * Хорватия (5),
  41. * Черногория (3),
  42. * Чехия (7),
  43. * Швейтсария (6),
  44. * Шветсия (6),
  45. * Шоҳигарии Муттаҳида (18),
  46. * Эстония (3),
  47. * Юнон (7).[1]

Салоҳият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ассамблея дар асоси маърӯзаҳо қарор ва тавсияҳо қабул мекунад, ки аз ҷониби вакилон тайёр карда мешаванд. Ваколатҳои муҳими Ассамблея – интихоби Муншии умумӣ (аз соли 2014, вакили парламенти Люксембург Анн Брассёр аст.) ва ҷонишинони ӯ, судяҳои Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар, қабули хулосаҳо оид ба номзадҳои нав ба сафи давлатҳои аъзо, мониторинги иҷрои уҳдадориҳои гирифта ва ғ. АПША ба ҳамаи лоиҳаҳои конвенсияҳои байналмилалии аз ҷониби Шӯрои Аврупо тайёршуда (Ҳуқуқи аврупоӣ) хулосаҳо қабул мекунад. Инчунин дар ҷаласаҳои АПША ҳамаи масъалаҳои мубрами сиёсии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба он сардорони давлат ва ҳукуматҳо даъват карда мешаванд. Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо оид ба фаъолияти худ дар ҳар ҷаласаҳои АПША ҳисобот ва ба тавсияҳои он ҷавоби расмӣ медиҳад. Ассамблеяро раис роҳбарӣ мекунад, ки расман ба муҳлати як сол интихоб мешавад. Инчунин Ассамблея 20 ҷонишини ӯро интихоб менамояд. Дар АПША низ чун дар парламентҳои миллӣ фраксияҳо (ё худ «гурӯҳҳои сиёсӣ») фаъолият мекунанд, ки аз рӯи тамоюли сиёсии аъзояшон ташкил шудаанд (гурӯҳи сотсиалистӣ, ҳизби халқии аврупоӣ, алянси либералу демократҳо, гурӯҳи демократҳои аврупоӣ, «чапҳо»-и муттаҳидаи аврупоӣ). Дар Ассамблея инчунин комиссияҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи башар, иҷрои уҳдадориҳо амал мекунанд. Раис, ҷонишинон, раисони гурӯҳ ва комиссияҳо Бюрои Ассамблеяро ташкил медиҳанд. Он кори Ассамблеяро бо роҳи тайёр намудани рӯз номаи ҷаласаҳо ва муайян намудани масъалаҳои мубраме, ки оид ба онҳо маърӯзаҳо тайёр карда мешаванд, роҳбарӣ менамояд. Чаласаҳои умумӣ (пленарӣ) дар як сол чор маротиба баргузор шуда, ҳар кадом як ҳафта давом мекунанд. Ғайр аз ин дар як сол ду маротиба ҷаласаҳои Комиссияи доимӣ ё худ «ҷаласаҳои хурд» мегузарад, ки дар он аъзои Бюро ва сардорони ҳайати вакилони миллӣ иштирок менамоянд. Чаласаҳои умумӣ дар Страсбург (Фаронса) ва ҷаласаҳои Комиссияи доимӣ дар ягон шаҳри давлати дигар мегузаранд. Маҷлиси комиссияҳои АПША, маъмулан, дар Париж мегузарад.[1]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.27

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]