Ассисент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АССИСТЀНТ (лот. Assistentis – ҳузурдошта, ёвар), 1) ёвар дар фаъолияти омӯзгорӣ, таҳсилотӣ, коргардонӣ, эҷодӣ ва ғайра. Ассисент дар мактабҳои олӣ таҳти роҳбарии профессор ё дотсент машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ ва семинарӣ анҷом медиҳад, дар гирифтани имтиҳон ёрӣ мерасонад ва дар корҳои илмию таҳқиқотии кафедра ширкат менамояд; дар мактаби миёна – ёвари имтиҳонгиранда; дар беморхона – ёвари духтуре, ки ҷараёни бемориро назорат ме­кунад; дар кино, театр, телевизион, радио – ёвари коргардон, оператор ва ғайра 2) Дар мактабҳои олӣ ассисент вазифаи штатӣ, унвони якуми илмӣ буда, ба шахсе дода мешавад, ки маълумоти олӣ ва лаёқати кори илмию омӯзгорӣ дорад. 3) Ду посбони фахрӣ, ки дар назди парчамбардор меистанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Луғати мухтасари истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.