Астрономия

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Crab Nebula.jpg

Астрономия, Ахтаршиносӣ, ё Нуҷум илм дар бораи коинот ва ҷирмҳои осмонӣ, галактикаҳо ва ҳаракати онҳо мебошад. Номи ин предмет аз ду калимаи юнонӣ: άστρον, "астрон" — ҷирми мунир ва νόμος, "номос" — қонун иборат аст. Астрономия тамоми ҷирмҳои осмонӣ, ҳаракат ва хосияти онҳоро ҳаматарафа меомӯзад. Вай бо фаннҳои физика, биология, химия, математика, ҷуғрофия ва геология алоқаи хеле зич дорад. Фанни астрономия таърихи хеле қадима дорад.

Ақидаи зиёде ҳаст, ки давраи тотаърихӣ одамон дар бораи чӣ тавр фурӯравӣ ва баромади офтобу баъзе ситораҳоро медонистанд. Дар таркиби бисёр навишти нуҷумшиносон ҳодисаҳои кайҳонӣ, ҳодисаҳои кайҳонии даврӣ ва кай такрор шудани ин ҳодисаҳо, чӣ тавр гузаштан, зиён ё фоида расонидан вомехӯрданд. Назарияе, ки дар вақти тараққӣ кардани фанҳои арифметикӣ ва геометрӣ дар бораи ҳаракати ситораву офтоб, Моҳу сайёраҳои банур аввалин маротиба дар давлатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин дар охири замони то дини насронӣ бо ёрии асбобҳои оптикии оддӣ то давраи эҳӣ омӯхта буданд. Қариб дар ҳамаи назарияҳо Замин маркази коинот истодаву ҳамаи моҳу ситора, Офтобу сайёраҳои дигар дар гирди он давр мезананд.

Лекин дар асрҳои XIV-XVI дар давлатҳои тараққикардаи Аврупо олим Коперник чунин ақидае пешниҳод кард, ки мувофиқи он Моҳ дар атрофи Замин ва Замин дар атрофи офтоб давр мезанад. Вале рӯҳониёни он замон ба ақидаи ӯ бовар накарданд. Вақте ки аввалин китоби Коперник ба чоп мерасад, ин китобро шогирдаш ба дасти хунукшуда истода мегузорад. Аз ҳамон вақт сар карда фанни нуҷум рӯ ба тараққӣ ниҳод. Вақте ки дар асрҳои XVII-XIX телескопҳои калон ва мушоҳидаи систематикӣ нишон дод, ки Офтоб ва дигар сайёраҳо курашакл мебошанд. Офтоб ҳамчун кураи тасфон намудор буда, он яке аз миллиардҳо ситораҳо мебошад. Дар авали асри XX нуҷумшиносон маълум карданд, ки Офтоб системаи ягона набуда, дар таркиби галактика зиёда аз 1 млн. мебошад ва онҳо дар атрофи ядрои Галактика бо суръати хеле калон ҳаракат мекунад. Галактика бошад, ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки онҳо бо қувваи ҷозибаи байни ҳамдигарӣ ҳаракат мекунанд. Ин қонунро аввалин маротиба Исаак Нютон кашф кардааст.

Баъди гузашти солҳо вақте ки физикаи квантӣ тараққӣ мекунад, олимон реаксияи ядроие, ки дар Офтоб ва дигар ситораҳо рӯй медиҳад, омӯхтанд, ки инҳо энергияи онҳо мебошад ва умри онҳост омӯхтанд бо ёрии спектрҳои онҳо синни онҳоро муайян карданд. Баъзе ситораҳо синнашон зиёда аз 6 млрд. соланд, ки дар маркази Галактика давр мезананд. Онҳоро бо ёрии микдори аз гидроген ба гелий ва аз гелий ба карбон дар натиҷаи реаксияи ядроӣ табдил ёфтани онҳо ёфтан мумкин аст. Дар нимаи дуюми асри XX вақте ки илму техника тараққӣ мекунад, олимон бо сохтани радиотелескопу расадхонаҳо бисёр намудҳои ситораҳо ва Галактикаҳои дур кашф карданд, ки ба Галактика ва Офтоби мо монандӣ надоранд. Дар аввали ҳазорсолаи сеюм нуҷумшиносон боварии комил ҳосил карданд, ки онҳо роҳҳои асосии эволютсияи Оламро ки зиёда аз 10 млрд. сол идома дорад, омӯхтаанд. Дар байни нуҷумшиносону олимоне, ки сайёраву Офтобро меомӯхтанд, ба чунин хулоса омаданд, ки эволютсияи системаи Офтоб дар натиҷаи барҳам хӯрдани чангу газҳое, ки то ҳол дар коинот бисёр мебошанд, ба вуҷуд омадааст.

Офтоб яке аз миллиардҳо ситораҳое, ки галактикаи Роҳи Кахкашонро ташкил медиҳад. Ситораи ба мо наздики Проксими бурҷи Кентавр, ки аз мо қариб 4.3 соли рӯшноӣ дур аст ба мо наздиктарин ситора мебошад, ки ин бурҷ дар Галактикаи Андромеда мебошад, ки аз мо зиёда аз 2.2 млн. соли рӯшноӣ дур аст. Нуҷумшиносон ва олимон тахмин мекунанд, ки Олам зиёда аз 10 то 20 млрд. сол пеш ба вуҷуд омадааст. Ҳоло бошад илми нуҷумшиносӣ яке аз илмҳои пешрафта мебошад. Охирин коре ки нуҷумшиносон карданд ин ихтирои як сайёра мебошад, ки аз мо дар масофаи қариб даҳҳо соли рӯшноӣ дур аст ва ин сайёра барои зиндагии ҷисми зинда мувофиқ шуданаш мумкин аст, зеро дар он ҷо ивазшавии фасли сол ба назар расида, ҳарорати он да фасли тобистон то 500С ва зимистон то - 400С ташкил медихад, ки бо боварии комил гуфтан мумкин аст ки дар он ҷо об дар намуди моеъ ва оксиген дар ҳолати газ мавҷуд аст. Ҳоло ба онҷо рафтан хеле душвор аст, зеро ҳанӯз ягон мушаки кайҳонӣ суръати рӯшноиро нагирифтааст. Агар машинаҳои кайҳонӣ ба суръати рӯшноӣ ҳаракат кунанд, пас кӯдаке, ки дар синни 1 моҳагӣ нишинад, он гоҳ набераи он кӯдак дар синни 40-50 солагӣ расида меравад.

Пурсишҳои бунёдии Ситорашиносӣ[вироиш]

Ҳарчанд ки Астрономия ба пурсишҳои фаровони дар бораи табиъати ҷаҳон ва мӯҳтавиёти он посух додааст, вале ҳанӯз пурсишҳои зиёди бепосух монда аст, ки шояд ниёз ба василаҳои фазойӣ ё назарияҳои физикаи навин дошта бошанд, ки метавон ба мавридҳои зер ишора кард:

  • Оё ҳаёти дигаре дар Ҷаҳон ҳаст? (Ба вижа, оё ҳаёти ҳушманд вуҷуд дорад? ва агар ҳаст тафсири мутуноқизнамойи Фермӣ чист? Вуҷуди зиндагӣ дар ҷойҳои дигар бар асарҳои илмӣ ва фалсафаи муҳимӣ)[1][2]
  • Табиати моддаи сиёҳ ва энергияи сиёҳ чист? (Бо инки ҳанӯз ситорашиносон дар бораи вуҷуди воқеии он мутмаин нестанд, вале ин бар саранҷом ва ташкили ҷаҳон асаргузор аст.)[3]

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Сарчишмаҳо[вироиш]

  1. Astrobiology Magazine Complex Life Elsewhere in the Universe?
  2. Sagan, C. The Quest for Extraterrestrial Intelligence. Cosmic Search Magazine
  3. Pacific Northwest National Laboratory 11 Physics Questions for the New Century