Аттор

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
فریدالدین عطار
Фаридаддин Аттор
Зодрӯз қариб 1142
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}
Оромгоҳи Аттор, Нишопур

Фаридаддин Аттор (форсӣ: فریدالدین عطار ) аз бузургтарнм сухансароёни адабиётн форсу тоҷик буда номи ӯ Муҳаммад, лақабаш Фаридаддин ва куньяташ Абуҳомид будааст. Падари ӯ Иброҳим Абӯбакр аст. Шоир Аттор ва гоҳе Фарид, ки мухаффафи Фаридадднн аст, тахаллус мекардааст. Вай дар Нишопур ва ё яке аз касабаҳои он, ки Кадакон ном доштааст, ба дуньё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди у ихтилофхо зиёд аст. Баъзе соли 512 хичрй (1118 мелодй) ва 513 хичрй (1119 мелодй) ва аксар соли 540 хичрй (1145 мелодй)-ро соли таваллуди Аттор медонанд. Санахои дигар низ оварда мешавад. Аммо санаи 540 (1145) ба ҳақиқат наздиктар аст.

Таҳсили илми Атгор дар зодгоҳаш ва яке аз шаҳрчаҳои наздики Нишопур, ки Шодях ном доштааст, мегузарад. Аз ашъори ӯ маълум мегардад, ки аз илмҳои ҳикмат, фалсафа, таърих, калом, тафсир, ҳадис, нуҷум, тиб, дорушиносӣ дониши фаровоне андухта будааст ва ин илмҳоро басе хуб медонистааст. Инаш низ маълум аст, ки Аттор илми тиб ва дорушиносиро аз падари худ, ки аттор ва табиби моҳир будааст, омӯхта дар ин соҳа шӯҳрат меёбад ва дар дорухонаи падараш ба кори табобат машғул мешавад. Муҳаққиқони эҷодиёти Аттор мӯътақиданд, ки аз асарҳои зиёде, ки ба Аттор нисбат медиҳанд, «Асрорнома», «Мантиқ-ут-тайр» (ё «Мақомоти туюр»), «Хисравнома», «Илоҳинома», Мухторнома», «Мусибатнома», «Ҷавоҳирнома», «Шарҳулқалб», «Тазкират-ул-авлиё», «Девони қасоид ва ғазалиёт» ки аз онҳо Аттор дар асарҳои худ ном мебарад, бешаку шубҳа аз они Аттор аст. Баъзеҳо «Булбулнома» ва «Уштурнома»-ро низ аз Аттор медонанд ва инро далелнок мекунанд Аммо асарҳои боқимонда аз касони дигар, аст, ки Аттор тахаллус дошта, дар замонҳои гуногун зистаанд ва аксари онҳо моли Атторн Тунӣ (асри XV) аст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Маро аз шоири худ ор н-ояд
Ки дар сад карн як Аттор н-ояд.

Махмуди Шабистарӣ

Хафт шахри ишкро Аттор гашт
Мо хануз андар хами як кучаем.

Мавлавӣ

Ман он Мавлои Румиям, ки аз нуткам шакар резад,
Валекин дар сухан гуфтан гуломи шайх Атторам.

Мавлавӣ

Аттор Фариддудин Абухомид Мухаммад ибни Абубакри Иброхими Нишопури шоири ориф ва суханвари мумтози форcу точик, соли 1145 дар дехаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброхим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба аттори ва табиби машгул шудааст. Аз ин сабаб у дар миени мардум бо номи “Аттор” машхур гашта, дар аксар касидаву газалиеташ хамчун тахаллус истифода бурдааст. Инчунин у баъзан бо тахаллуси ”Фарид” хам шеър эчод мекардааст. Аттор бо касби мероси руз гузаронида, хидмату мулозамати султонеро напазируфтааст. У аз хурди ба донишомузи машгул шуда, дар илмхои адабиету хикмату калом, илми дин ва тиббу дорушиноси саводу хунари комил пайдо мекунад. Соли 1221 дар Нишопур вафот кардааст.


Эҷодиёт[вироиш]

Фариддудин Аттор адиби сермахсул буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоки боки гузоштааст. Дар таърихи адабиёти мо Аттор маснависарои бузурги ирфони ва бунёдгузори достонхои тамсили эътироф гаштааст. Макому мартабаи Атторро мухаккики эрони Забехуллои Сафо чунин таъриф кардааст: «Ин марди чирадасти тавоно ва ин орифи восили доно хакоики фаровонро ба суръат дарк мекунад ва бо забоне, ки бо равониву кушодаги аз олами боло таъйидоте бемунтахо дошт ба назм дармеоварад. Шоири кардан дар ин маврид барои у ба манзалаи сухан гуфтани марде буд, ки ба фасохату балогат ху гирифта бошад ва харчи гуяд фасеху балиг бошад». Аттор дар назм бештар дар навиштани маснави афзалият доштааст. Номгуи осори Атторро ба 114 расонидаанд, ки баъзе тасхех мехохад. Инак чанде аз асархои Атторро зикр менамоем: “Ихвонуссафо”, Чавохируззот, Мазохирулачоиб, Уштурнома, Абирнома, Асрорнома, Шохнома, Мантикуттайр, Хисравнома, Васиятнома, Хайдарнома, Илохинома, Мухторнома, Шахрулкалб, Тазкиратулавлие, Мусибатнома, Панднома, Гулу булбул, Девони касоиду газалиет ва гайра. Аттор оиди макому киммати маснавихои худ чунин менигорад:

«Мусибатнома», к-андухи чахон аст,
«Илохинома» асрори нихон аст.
Ба дорухона кардам хар ду огоз,
Чи гуна зуд растам з-ину он боз,
Макомоти туюри мо чунон аст,
Ки мурги ишкро меъроч чон аст.


Аттор яке аз шоирони сермахсули форсу точик буда, дар чараени афкори ичтимоии мардуми форсизабон накши амике гузоштааст. Гояхои пешкадами осори у дар пешрафти минбаъдаи адабиети форс-точик роли мухиме бозида, ашъору абёти бехтаринаш дар боби такмили ахлоки хамидаи инсони хидмати босазо кардаанд. Аттор дар сурудани газал низ махорати хоса зохир карда, газалиёти у аз чихати фасохату балогати калом бемисланд:

Дар хама шахр хабар шуд, ки ту маъшуки мани,
Ин хама дурию пархезу такаббур чи куни?
Хадду андозаи хар кор падидор бувад,
Мабар аз хад, санамо, саркашу кибриву мани.
Аз паи он ки казо ошики ту кард маро,
Ин хама тири чафо бар мани мискин чи зани?
Аз гамии ту ганиям в-аз хама олам дарвеш,
Нест чун ман ба чахон аз гам дарвеши гани
Ин дам аз олами ишк аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумари киммати худ мешикани.
Гар ту хохи, ки чу Аттор шави дар рахи ишк,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.


Зи ишкат сухтам, эй чон, кучои?
Бимондам бесару сомон, кучои?
На чониву на гайр аз чон, чи чизи?
На дар чон, на бурун аз чон, кучои?
Зи пайдоии худ пинхон бимонди,
Чунин пайдо, чунин пинхон, кучои?
Хазорон дард дорам, лек бе ту,
Надорад дарди ман дармон, кучои?
Зи бас дар ишки ту дар хун бигаштам,
На куфрам монду на имон, кучои?
Зи шавки офтоби талъати ту,
Шудам чун зарра саргардон, кучои?
Чунон дилтанг шуд Аттор бе ту,
Ки шуд бар вай чахон зиндон, кучои?