Jump to content

Афзали Кирмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афзали Кирмонӣ
Афзалуддин Маҳмуд ибни Зиёуддин Муҳаммад
Таърихи таваллуд: асри ХV
Зодгоҳ: Кирмон
Таърихи даргузашт: 1504(1504)

Афзали Кирмонӣ (форсӣ: أفضل کرمانی‎) Афзалуддин Маҳмуд ибни Зиёуддин Муҳаммад (? — 1504) — шоир, нависанда, давлатмард ва сиёсатмадори форс-тоҷик, вазири Ҳусайни Бойқаро.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хонадони вазирони авлодӣ 15 сол мулозим ва вазири Султон Ҳусайни Бойқаро (ҳукмронӣ 1469—1506) буд. Дар сарчашмаҳои адабӣ, масалан, тарҷумаи «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ, ки Ҳаким Муҳаммадшоҳи Қазвинӣ анҷом додааст, аз ин шахс чун донандаи илми молия, дафтардорӣ ва ҳисоб ёд шудааст. Афзали Кирмонӣ чун шахсият соҳиби ахлоқи ҳамида, кариму адолатпарвар буд. Ба макри ҳасудон тарки вазифа кард ва ба Ироқ, баъдан (1489) ба Маккаву Мадина сафар карда, дар бозгашт дар Қум монд ва эҳтимол дар ҳамон ҷо вафот кард. Афзали Кирмонӣ соҳибдевон будааст ва бештар ба ғазал таваҷҷуҳ доштааст. Девонаш дастрас нагардидааст. Аз осораш намунаҳо ба воситаи тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд.

Намунае аз абёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нагӯӣ чашми худ бастам барои дафъи озораш,
Хаёли рӯят ин ҷо буд, пӯшидам зи ағёраш.
 ***
То ҳар шараре дона шавад кишти ҷаҳонро,
Бар бод диҳад оташи дил хирмани ҷонро.

  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. — Д.,1991.