Jump to content

Афзори назоратию андозкунанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Волтметри ишорагари мактабӣ

Афзори назоратию андозакунанда — воситаи андозакунӣ барои ба даст овардани қиматҳои муайян дар фосилаи муқарраршудаи бузургии физикавии андозашаванда. Афзори назоратию андозкунандаро аз рӯйи чанд бузургӣ ва воситаҳои пешниҳоди маълумот, усули андозакунӣ ва шакли пешниҳоди нишондиҳандаҳо тасниф мекунанд. Аз рӯйи пешниҳоди маълумот афзори назоратию андозкунанда нишондиҳанда (қиматҳои бузургиҳои ченшавандаро нишон медиҳад) ва сабткунанда (нишондиҳандаҳоро сабт мекунад) мешавад. Аз рӯйи усули андозакунӣ афзори назоратию андозкунандаро ба асбобҳои амали мустақим (бузургии андозашавандаро як ё якчанд маротиба табдил медиҳад) ва муқоисавӣ (бузургиҳои андозакунандаро бо нишондиҳандаи маълум муқоиса мекунад) ҷудо мекунанд. Шакли пешни­ҳоди нишондиҳанда яке аз меъёрҳои муҳимми афзори назоратию андозкунанда мебошад. Афзори назоратию андозкунандаи қиёсӣ амалҳои бефосилаи тағйирёбии бузургии андозашавандаро нишон медиҳад; нишондиҳандаҳои афзори назоратию андозкунандаи рақамӣ танҳо дар шакли рақам пешниҳод карда мешаванд. Афзори назоратию андозкунандаро аз рӯйи фосилаи андозакунӣ, ҳадди ҳассосият, саҳеҳият ва устуворӣ интихоб мекунанд. Намунаҳои афзори назоратию андозкунанда: асбобҳои радиометрӣ, волтметр, таҳлилгари спектр, басомадсанҷ ва ғайра.