Афсонак

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Афсонак

Афсонак (Thermopsis), авлоди растаниҳои бисёрсола, мансуби лӯибиёиҳо. Барги сетогӣ ҷойгиршудаи дарозрӯя, гули зард, ғилофаки бисёртухма дорад. 20 намуди он дар Ҳимолой, Амрикои Шимолӣ ва дар Русия (6 намудаш дар Сибири Шарқӣ) Дар минтақаи алъпии ноҳияҳои Помири Шарқӣ, Ҳисору Дарвоз, Зарафшону Тоҷикистони Ҷанубӣ ду намуди Афсонак (Thermopsis dolichocarpa alpina) вомехӯрад.

Намудҳои Афсонак аз сабаби термопсин, тситизинЮ пахикарпин барин алкалоидҳо доштанашон заҳрноканд. Аз барг, поя, тухм ва решаи Thermopsis dolichocarpa алкалоидҳои термопсин, тситизин ва пахикарпин , кислотаҳои органикӣ мегиранд. Ҷӯшоб ва ҷавҳари Афсонак дар тиб чун воситаи балғамовар истифода мешавад.