Афшона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Афшона
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ асри VIII
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Афшона — деҳаи қадимӣ, ки дар масофаи 30 км дар қисми шимолу шарқии Бухоро, дар ҳудуди ноҳияи Пешку, вилояти Бухоро, дар Ӯзбекистони имрӯза қарор дорад ва зодгоҳи Ибни Сино мебошад.


Афшона ҳамчун зодгоҳи олими бузурги форсу тоҷик Ибни Сино машҳур аст. Модари Ибни Сино, Ситора аз Афшона буданд, соли 980 Ибни Сино ва бародараш дар Афшона таваллуд шудаанд.

То панҷсолагӣ Ибни Сино дар Афшона зиндагӣ карда буданд ва баъд оилаашон ба Бухоро кӯч бастанд.

Афшона дар китоби Наршахӣ «Таърихи Бухоро» (солҳои 899—959) чунин оварда шудааст:

« Афшона аз шаҳри калон ва қалъаи пурқувват иборат буда, якчанд деҳаро дар бар мегирад ва онҷо дар рӯзҳои муайян бозор фаолият мекунад. Заминҳои ин шаҳр шудгор ва кишт мешаванд. Кутайба писари Муслим, онҷо масҷиди ҷомеъ ва Муҳаммад, писари Восӣ низ масҷид сохта буданд. Аҳолии шаҳри Бухоро Афшонаро ҷойи муқаддас меҳисобиданд ва ба онҷо мерафтанд. »

Дар Афшона осорхонаи Ибни Сино вуҷуд дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёқут аз он ҳамчун яке аз деҳаҳои Бухоро ёд кардааст. Ас-Самъонӣ онро дар шакли «Фашна» овардааст. Мувофиқи маълумоти Мақдисӣ: «Афшона дар ҷониби ғарбии Бухоро воқеъ аст. Дар он ғозиён зиёданд. Масоҳаташ бузург ва тозаву зебост». Мувофиқи маълумоти Наршахӣ Афшона дорои арк, ҳисори мустаҳкам ва шаҳристони бузург буда, дар он ҳар ҳафта як маротиба бозор мешуд. Дар Афшона Қутайба ибни Муслим масҷиди ҷомеъ бино карда буд. Ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии Ибни Сино дар Афшона соли 1980 чойхонаи бошукӯҳ бо ду гунбади кошикорӣ, дару сутунҳои кандакорӣ ва нигораҳои рӯйидеворӣ бино ёфт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бартольд В. В. Сочинения, Т. 1. М., 1963;
  • Абубакр Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.