Jump to content

Ахбор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ахборот)

Ахбор (ар. اخبار - ҷамъи хабар) — огоҳӣ, достону ривоятҳо, (дар шаръ) ҳадисҳо ва ривоятҳои нақлшуда аз Пайғамбар (с).

Дар истилоҳи фақеҳони шиа касе, ки ба зоҳири ҳадисҳо бовар карда, ба далелҳои ақлии онҳо рӯй наоварад «ахборӣ» мегӯянд. Дар фиқҳи мутааххири имомӣ гурӯҳеро, ки ба пайравӣ аз ахбору ҳадисҳо эътиқод доранд ва равишҳои эътиқодӣ ва иҷтиҳодию усулии фиқҳро намепазиранд, «ахбориён» меноманд. Дар қиболи он­ҳо фақеҳони ҳаводори иҷтиҳод қарор доранд, ки онҳоро фақеҳони усулӣ номидаанд.

Шииён аз садаи VIII сар карда ба ҷамъоварии ахбори худ шурӯъ карданд, вале то замони имом Муҳаммад Боқир ҷамъоварии ҳадиси шиа чандон равнақ надошт. Дар давраи ин имом ба ҷамъоварии ахбор – ваъзу хитоба ва гуфтору суханони Пайғамбари Акрам (с), Алӣ ва имомони маъсумин шурӯъ карданд. Гурӯҳи нахустин муҳаддисону фақеҳони имомия асҳоби тобеини имомон буданд, ки Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» ва Наҷошӣ дар «Риҷол» дар бораи онҳо маълумот додаанд. Салмони Форсӣ аз пешвоёни шиа «Ҳадиси ҷосилиқ»-ро тадвин кард ва Муҳаммад ибни Холиқи Қумӣ мулаққаб ба Бурқӣ (ваф. 897) дар заминаи ҳадиси шиа китоби «Маҳосин»-ро таълиф намуд. Табақабандии комили ахбори шиа, ки дар байни онҳо «Биҳор-ул-анвар»-и Мулло Муҳаммад Боқир иб­ни Муҳаммади Тақӣ маъруф ба Аллома Маҷлисӣ (ваф. 1699–1700) ҳамчун Доиратулмаорифи илми ҳадис мақо­ми баланде дошт.

Қабл аз «Биҳор-ул-анвар» шииён маҷмӯаи чаҳоргона ё худ чаҳоркитоби Ҳадисро мураттаб сохтанд, ки китоби аввали он «ал-Кофӣ»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Исҳоқ Кулинии Розии Бағдодӣ (ваф. 940) машҳур ба «Шайх-ул-муҳаддисин» буд. Дуюмин китоби машҳури ҳадиси шиаро Абуҷаъфар Алӣ ибни Мусо ибни Бобивайҳи Қумӣ (ваф. 991) бо номи «Ло янзар-ул-фақеҳ» гирд овард. «Таҳ­зиб-ул-аҳком»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан (ваф. 1068) маъруф ба Шайхи Тусӣ ва мулаққаб ба «Шайхуттоифа» сеюмин маҷмӯаи ҳадис ба шумор меравад ва асари дигар ва қобили итминони ӯ «ал-Истибсор фӣ мо ихтилофи мин-ал-ахбор» китоби чаҳоруми маҷмӯаи чаҳоргонаи шиаро ташкил медиҳад.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.13