Ахлоқу-л-ашроф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ахлоқ-ул-ашроф)
Унсури холии Викидода

Ахлоқу-л-ашроф (ар. أخلاق الأشراف‎) — асари пандуахлоқии Убайди Зоконӣ, ки соли 1340 навишта шудааст аз муқаддима ва 7 боб иборат аст.

Машҳуртарин таълифоти Убайди Зоконӣ «Ахлоқ-ул-ашроф», яъне ахлоқи бузургон, ахлоқи ашрофзодагон буда, онро муаллиф соли 1340 дар танбех ва танкиди ахлоқу одоби бузургон ва аъёну ашрофзодагони замони худ дар сабку равияи китобҳои машҳури ахлоқӣ нигоштааст. Факат ин чо услуби баён оханги киноя ва тамасхурро дошта, тамоми масъалаҳои ба маърази баҳс гузоштаро ба рангу сурати акс чилва медихад.

Муқаддима[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар муқаддима ба тариқи масъалагузории фалсафӣ аз муносибати рӯҳ ва бадани инсон ва тарбияи маънавии инсон сухан рафтааст.

Бобҳои китоб[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дар ҳикмат

Дар масъалаи ҳикмат ва чӣ будани он Убайди Зоконӣ дар ду қисми боб «Мазҳаби мансух» (аз байн рафта, гузаштагон) ва «Мазҳаби мухтор» (муосир, имрӯза) муҳокимаронӣ кардааст.

  • Дар шуҷоат
  • Дар иффат
  • Дар адолат
  • Дар саховат
  • Дар ҳилм
  • Дар ҳаёву вафо ва раҳмату шафқат

«Дар ҳаёву вафо ва раҳмату шафқат»-ро ба қисмҳои «Мазҳаби мансух» ва «Маз­ҳаби мухтор» тақсим кардааст. Пас аз шарҳу тафсири ҳар яке аз падидаҳои ахлоқӣ ва ибрози андеша аз нуқтаи назари гузаштагон Убайди Зоконӣ ҳамин падидаро аз нуқтаи назари ҳамзамонони худ, ба чӣ шаклу маънию мазмун зуҳур кардани онро шарҳу тафсир кардааст. Масалан, хулосаи ӯ дар бораи адолат дар мазҳаби мансух ин аст:

Адл кун, з-он ки дар вилояти дил
Дари пайғамбарӣ занад одил.

Хулосаҳову андешаҳое, ки дар «Ахлоқ-ул-ашроф»» оид ба адолат дар қисми «Мазҳаби мухтор» оварда шудаанд, баръакси «Мазҳаби мансух» мебошанд. Ақидаву андешаҳои Убай­ди Зоконӣ дар ин бобат онанд, ки бинои салтанат бар сиёсат устувор аст. Бе зулму тааддӣ дар ҳукумат­дорӣ муш­килот пеш меоянд. Чингизхон бо зулму куш­тор подшоҳии рӯйи заминро гирифт. Дар боби саховат омадааст, ки дар гузашта мардум саховатро писандида медонистанд ва фарзандонро ба ин хислат ҳавасманд мекарданд. Аммо дар «Мазҳаби мухтор» меорад, ки «бузургони мо» (яъне замони Убайди Зоконӣ) саховат­ро исроф, харобии хонадонро аз он донистаанд. Дар ин давра, чунонки дар ҳикоят омадааст, шахсе писарашро панд меди­ҳад, ки лафзи «оре»-ро ҳеч гоҳ ба даҳон наорад, доимо «на» бигӯяд. Ҳамин шеваи кор, тарзи баён, андешаронӣ, баёни фикр, ки ба киноя, маҷоз, тамасхур, мутоибаву ҳаҷв, заҳрханд ва ғайра асос ёфтаанд, дар ҳамаи бобҳои асар ба назар мерасанд. Бо ҳазлу мутоиба, тамасхур, киноя Убайди Зоконӣ «ашрофон», «бузургон», «зиракон», фасоди ҷомеаи муосирашро танқиду мазаммат намудааст.

Барои тақвияти фикр дар «Ахлоқ-ул-ашроф» ҳикоятҳои латиф оварда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Убайди Зоконӣ. Насру назм. Энсиклопедияи насри тоҷику форс, Д., 2010.
  • Мирзозода Х., Таърихи адабиёти тоҷик. Кит. 2. Д., 1977.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]