Ашӯрмат Қодиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ашӯрмат Қодиров
Ашӯрмат Қодиров
Таърихи таваллуд 22 апрел 1907(1907-04-22)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 25.02.1991, Конибодом

Ашӯрмат Қодиров (22 апрели 1907, деҳаи Шаҳидқароянтоқ, ноҳияи Конибодом — 25 феврали 1991, шаҳри Конибодом) - пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1957), узви Ҳизби камунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1938.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1931-32 сардори бригадаи пахтакори колхози ба номи К. Ворошилов н. Конибодом, 1931-32 донишҷӯи Университети комунистии коркашони шарқ (КУТВ) шаҳри Тошканд, солҳои 1933-47 сардори бригадаи пахтакори колхози номбурда, мудири пункти пахтақабулкунии Қарачкуми Кушкак, мудири шуъбаи зироати ноҳия, мудири МТС, солҳои 1948-50 ва 1957-59 раиси комиҷроияи н. Конибодом, 1950-52 сардори «Тоҷикхлопксовхозтрест» дар ш. Душанбе, 1955-56 мудири МТС-2 дар ноҳияи Конибодом, солҳои 1959-77 раиси колҳои овозадори «Коммунизм» дар н. Конибодом буд.

Аз соли 1977 бознишаста буд. Дар 19 соли раҳбариаш дар колхози «Коммунизми» деҳаи Қарачиқум садҳо ҳектор замини санглох обёриву обод шуд, боғу майдонҳои нав бунёд гардид, тавлиди пахта ба 15 ҳазор тонна расид. Ашӯрмат Қодиров бо унвони олии «Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ», ду Нишони Ленин, Нишони «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», Нишони «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 2), медалҳо ва Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд. Вай намояндаи мардум дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2 - 7) ва узви кумитаи шаҳрии Ҳизби камунист дар Конибодом интихоб шуда буд. Барои ёдбудаш хоҷагии ҷамоавии Қарачикумро ба номи Ашӯрмат Қодиров номгузорӣ кардаанд.