Аэренхима

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АЭРЕНХЍМА (аз юн. aer – ҳаво ва enchyma – пур кардан, дар ин ҷо ба маънои бофта), як навъ бофтаи рустанӣ, ки байни ҳуҷайраҳои он холӣ аст. Ба маънои маҳдуд А. гуфта бофтаҳоеро меноманд, ки ҳангоми тақсим шудани ҳуҷайраи камбийи пӯк ҳосил гаштаанд; ба маънои пурра ҳар бофтаи сохташ ба ҳамин монандро аэренхима меноманд. Аэренхима хосси рустаниҳои обӣ аст. Дар холигии байни ҳуҷайраҳо оксиген ва гази карбонат ғун мешавад ва рустанӣ онҳоро ҳангоми ба шароити номусоид афтодан ба худ мекашад (ниг. Анаэробҳо).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]