Аэротенк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОТЀНК, зарфи буришаш росткунҷаест, ки партоби бо лойқаи фаъол омехтаи дар он ҷоришаванда бо усули биокимиёӣ тоза карда мешавад. Ҳавои бо ёрии ҳавогузаронҳои пневматикӣ ва механикӣ ба аэротенк воридкарда партоби равонро бо лойқаи фаъол омехта, онро аз оксигени барои фаъолияти ҳаётии бактерияҳо зарур ғанӣ мегардонад. Дар натиҷа оксидшавии биокимиёии маводди органикӣ бо суръат ба амал меояд. Вобаста ба дараҷаи тозакунии биологии партобҳо аэротенк пурра тозакунанда (ҳадди ҷоизи бактериологӣ 6–8 мг/дм3, NO3 – 0,5–1,0 мг/дм3) ва қисман тозакунанда (ҳадди ҷоизи бактериологӣ > 20 мг/дм3) мешавад. Омилҳои асосии тозакунии аэротенк ҳарорат, мавҷуд будани моддаҳои ғизоӣ, миқдори оксигени ҳалшуда, қимати рН, мавҷуд будани моддаҳои заҳрнок мебошад. Кори муътадили аэротенкро реҷаи технологии истифода муайян мекунад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]